Беҳушшавии 27 донишомӯз дар мактаб дар Мӯъминобод

© Sputnik / Сергей ЕщенкоУчебный класс, архивное фото
Учебный класс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сабабҳои бадшавии саломатии хонандагон ҳоло маълум нест. Айни ҳол хонандагон худро беҳтар ҳис мекунанд. Санҷиш идома дорад

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар мактаби рақами 23-уми  деҳаи Чаргии ноҳияи Мӯъминобод  27 хонанда дар ҳолати дилбеҳузурӣ ва беҳушӣ ба беморхона интиқол ёфтанд, хабар медиҳад ТоҷикТА.

Бино бар иттилои манбаъ, донишомӯзон пас аз ба мактаб омадан, худро бад ҳис кардаанд ва дарҳол ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба расонаҳои давлатии кишвар хабар додааст, ки ҳоло барои муайян кардани ин ҳодиса гурӯҳи вижаи вазорат ба ноҳияи Мӯъминобод сафар кардааст.

Гуфта мешавад, мутахассисон ҳоло дар мактаби 23, қарор доранд ва ҳодисаро месанҷанд.

"Ба иттилои мутахассис, айни ҳол 27 хонандае, ки бо сабаби дарди сару беҳолӣ худро нотоб ҳис кардаанд, аз ташхис гузаштанд ва дар онҳо ҳодисаи заҳролудшавӣ ба қайд гирифта нашуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳанӯз сабаби сар задани ин рухдод маълум нест, вазъи хонандагон беҳтар шудааст ва санҷиш идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0