Вазири фарҳанг камбудиҳои китобхонаҳои Душанберо ошкор кард

© SputnikМинистр культуры РТ Шамсиддин Орумбекзода
Министр культуры РТ Шамсиддин Орумбекзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ва сардори муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг Қурбон Ғуломзода аз якчанд китобхонаҳои шаҳри Душанбе боздид карданд

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон камбудиҳои чанде аз китобхонаҳои шаҳри Душанберо ошкор кард, хабар медиҳад равобити умумии ин ниҳод.

Вазири фарҳанг аз Китобхонаи муосири пойтахт, Китобхонаи давлатии патентию техникӣ ва Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дидан намудааст.

Зимни ошноӣ бо фаъолият ва тарзи корбарии кормандон ва суҳбат бо онҳо чанд камбудӣ ошкор шудааст.

"Аз ҷумла, ба талаботи муосир ҷавобгӯ набудани баъзе китобхонаҳо, норасоии мутахассисони соҳа ва ғайра", — омадааст дар хабарнома.

Ба гузориши дар рафти мулоқот бо роҳбарият ва кормандони китобхонаҳо масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Тарзи кор бо технологияҳои муосир, ҷобаҷогузории фонди китобӣ, таъминот бо адабиёти тозанашр ва матбуоти даврӣ, таҳияи феҳрист, ташкили чорабиниҳо, баргузорӣ ва иштирок дар дарсҳои омӯзишӣ, ҷалби ҷавонон ба кор, хизматрасонии китобӣ тариқи интернет ва монанди инҳо мавзӯи асосии суҳбат будааст.

Ба кормандоне, ки мутахассисони ғайрисоҳавӣ ҳастанд, таҳсил дар бахши китобдории Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанг ба номи П.Бӯйдоқов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода тавсия дода шудааст.

Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар омодагии муассиса ба баргузории семинарии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи "Сайри китоб" бахшида ба фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" муҳокима гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0