ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Душанбе ронанда Бахтиёр Халифаевро дар марги хабарнигори радиои Sputnik Галима Фасхутдинов айбдор шумурда ӯро ба се соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард, хабар медиҳад РИА Новости.
Журналист 30 январ дар паи садамаи нақлиётӣ дар беморхонае дар Душанбе вафот кард.
"Халифаев пурра ба гуноҳи худ иқрор шуду аз хешовандони марҳум узр пурсид…Бо дарназардошти кӯдакони худри Халифаев ва ҳолатҳои сабуккунанда додгоҳ ӯро ба 3,3 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард", — омадааст дар хабарнома.
Хоҳари рӯзноманигори марҳум Ҳалима Фасхутдинова ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки наздикони Галим бо чунин ҳукми додгоҳ розӣ нестанд. Ва замони эътибор пайдо кардани ҳукм, ба додгоҳ шикоят хоҳанд кард.
Галим Фасҳутдинов 45-сола ва яке аз шаҳрвандони тотортабори Тоҷикистон буд, ки солҳо бо шабакаҳои родютелевизюнии "Мир" ва "Голос России" дар Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард.
Вай чанд сол хабарнигори бахши русии родюи "Deutsche Welle" ва "Sputnik" дар Душанбе низ буд.