Лебедев: ДОИШ ба марзҳои ҷанубии ИДМ мунтақил мешавад

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкПредседатель Исполнительного комитета стран СНГ Сергей Лебедев, архивное фото
Председатель Исполнительного комитета  стран СНГ Сергей Лебедев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хатаре, ки аз сӯи ДОИШ таҳдид мешавад, барои кишварҳои узви ИДМ коҳиш намеёбад, эълом дошт раиси кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Хатарҳое, ки ба кишварҳои узви ИДМ аз ҷониби гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) таҳдид мешаванд, коҳиш намеёбанд. Марзҳои ҷанубии ИДМ ҳанӯз ҳам зери таҳдиданд, иброз дошт раиси кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев.

"Бо вуҷуди натоиҷи мусбие, ки замони муқобилият бо ДОИШ дар Сурия ба даст омадааст,  ҳанӯз ҳам хатаре аз ин созмон бармеояд, ки барои кишварҳои узви ИДМ таҳдидовар аст. Дар ҳоли ҳозир фаъолиятҳои террористӣ аз Ҷумҳурии Сурияи Араб ба самти марзҳои ҷанубии ИДМ равона карда шудааст",- тавзеҳ медиҳад Лебедев.

Нерӯҳои ДОИШ имрӯз ҳамагӣ 4%-и масоҳати Сурияро дар даст доранд, ки он тақрибан 7 ҳазор метри мураббаъро ташкил мекунад, гуфт дар Ҳамоиш оид ба масоили амниятӣ муовини вазири мудофиаи ҶСА Маҳмуд Шава.

"Имрӯз узви гурӯҳи терористиро дар баъзе минтақаҳои дурдаст ва ё пурра иҳоташуда дар ҳаҷми тақрибан 4%-и ҳудуди шимолу шарқии ҶСА метавон пайдо кард, ки ин на зиёда аз 7 ҳазор километри мураббаъ мебошад",- гуфт Маҳмуд Шава.

Лентаи хабарҳо
0