ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik.Ҷавонписаронро дар Душанбе бо тантана ба хидмати ҳарбӣ гусел карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдории Душабе.
Бино бар иттилои манбаъ, маросими гусели ҷавонон рӯзи гузашта, 2 апрел дар дар майдони 800 солагии Москваи шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Ҳукумати шаҳри Душанбе, кормандони масъули Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, чор ноҳияи пойтахт — Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, волидайну наздикони даъватшудагон ва фаъолони ноҳияҳои шаҳр доир гардид.
"Дар оғози ин чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ- тарбиявии Вазорати мудофиа Меҳваршо Донаёрзода ҷавонони даъватшавандаро ба сафи Артиши миллӣ табрик намуда, ба онҳо дар ҳифзи марзу буми Ватан хизмати содиқона орзу карданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Манбаъ меафзояд, чорабинии бо мақсади татбиқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз 12 марти соли 2018 "дар бораи оғози мавсими даъват ба артиш ва Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 19 марти соли 2018 гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, имсол Тоҷикистон 25-солагии солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишварро таҷлил кард.
Рӯзи 23 феврал дар маросими таҷлили ин ҷашн раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат дошт.
Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва кулли шаҳрвандони кишварро бо санаи муҳими таърихӣ 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.
Сарвари давлат таъкид дошт, ки ҳанӯз бисту панҷ сол пеш ба дӯши ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар вогузор шуда буд ва имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки хизматчиёни ҳарбӣ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ баромаданд.
Раисҷумҳур афзуд, мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ ташкили нерӯи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи истиқлолияту озодии кишвар қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд.
"Гузашти солҳо нишон доданд, ки бо шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ — фарзандони бонангу номуси Ватан дар кишвари азизамон ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд",-гуфт кишвардор.