ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми "Пойтахт-2018" баргузор шуд. дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, дар ин чорабинии варзишӣ беҳтарин чобуксаворон аз кишварҳои ҳамсоя ва корхонаҳои аспсарварии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Чобуксаворон дар масофаҳои 1000 метр, 1600 метр ва 2000 метр дар 10 марҳила сабқат карданд. Шоҳҷоизаро дар пойгаи 8 байни аспҳои 3-солаи зоти англисӣ аспи писари шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ-Анӯшервон Рустам бо натиҷаи 1,40 соҳиб шуд. Шоҳҷоизаи сабқат автамашинаи тамғаи "РАВОН" буд.
Ҷои дувумро дар ин пойга аспи "Роҷеъ"-и (1,42) Назик Бурганаков аз Қирғизистон соҳиб шуд. Аспи Қоилҷон Акрамов "Веспойт-Шер" (1,47) аз Узбакистон севумин шуда ба марра расид.
Шоҳҷоизаи дувум низ дар масофаи 2000 метр ба аспи писари Рустам Эмомалӣ "Рахш" насиб кард. Дар ин масофа ҷойи дуввумро ҳам аспи "Лаъл" —и Анӯшервон Рустам гирифт."Шарқ"-и Бахтовар Аброров бо натиҷаҳои 2,07 ҷойи савумро ба даст овард.