Тоҷикистон интиқоли барқро ба Узбакистон оғоз кард

© © Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Низоми энергетикии Тоҷикистону Узбакистон паз аз 9 сол дубора пайваст гардиданд. Аз моҳи октябри соли 2009 то ин вақт низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз низоми энергетикии Осиёи Марказӣ ҷудо гардида буд

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи гузашта хабар дод, ки интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Узбакистон оғоз шуд. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, низомии энергетикии ду кишвар дар давоми 9 сол аз ҳам ҷудо буд.

"Дувуми апрел 16.50 дақиқа хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи Регар  ба зеристгоҳи Гулчаи Узбакистон зери шиддат монда шуд ва бо ҳамин интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Узбакистон оғоз ёфт",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Линии электропередач, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Узбакистон хаттҳои интиқоли барқашонро боз мепайванданд

Аз моҳи октябри соли 2009 то ин вақт низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз низоми энергетикии Осиёи Марказӣ ҷудо гардида буд, ки ин ба коҳиш ёфтани содироти неруи барқи тавлидотии мамлакат ба хориҷи кишвар сабаб гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар рафти сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон аввали баҳори соли равон шартнома мубодилаи неруи барқ байни Тоҷикистон ва Узбакистон ба имзо расида буд.

Лентаи хабарҳо
0