Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ дар хиёбони Рудакии Душанбе дарахти кастона шинониданд

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон и Рустам посадили дерево каштан на проспекте Рудаки
Эмомали Рахмон и Рустам посадили дерево каштан на проспекте Рудаки - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Солҳои охир ба Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷ дарахтони акатсия, павлония, кастона, клеон, липа, секвоя, пихта, кедр, ел, канзан, берёза, магнолия, тис, олу, буттаҳои сиренаи ҳиндӣ, кипарис, садбаргу лолаҳои ранга ва дигар намуди ниҳолҳои дарахтони ороишӣ ворид мешаванд.

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар пойтахт аз рафти корҳои сохтмонӣ дар гулгашти қисми ғарбии хиёбони Рӯдакӣ шинос шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ба Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди гулгашти хиёбони Рӯдакӣ, ки дар қисми ғарбии Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст, муаррифӣ карда шуд.

Майдони умумии гулгашти мазкур наздики 3 гектарро ташкил медиҳад. Фармоишгар Корхонаи Воҳиди Давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва пудратчӣ Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди "Озодӣ ва компания" мебошанд.

"Майдони қариб 1 гектар замини гулгашт кабудизор карда шуда, сохтмони фаввораҳои гуногун, чароғонкунӣ, шинонидани сафолакҳои ранга дар масоҳати 16 ҳазор метри мураббаъи роҳравҳо, бунёди майдончаҳои бозии кӯдакона, қаҳвахонаи тобистона, гузоштани 60 адад курсиҳо ва таъмини дигар инфрасохтори зарурӣ дар назар аст",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Баъди муаррифии лоиҳаи бунёди гулгашти хиёбони Рӯдакӣ Эмомалӣ Раҳмон бо  Рустами Эмомалӣ дар ҳамин ҷо дарахти кастона шинониданд.

Бино бар иттилои дафтари матбуотӣ, солҳои охир  ба Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷ дарахтони акатсия, павлония, кастона, клеон, липа, секвоя, пихта, кедр, ел, канзан, берёза, магнолия, тис, олу, буттаҳои сиренаи ҳиндӣ, кипарис, садбаргу лолаҳои ранга ва дигар намуди ниҳолҳои дарахтони ороишӣ ворид мешаванд.

Ҳамаи ин гулу буттаҳо ва дарахтони ба Тоҷикистон воридгардида ба иқлими боду ҳаво ва табиати биҳиштосои кишвар мутобиқ мебошанд ва айни ҳол боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон зиннат мебахшанд.

Лентаи хабарҳо
0