Аз сохтмон ба чӯбтарошӣ: чӣ гуна сокини Баррӯшон тарғиби ҳунар мекунад

© Flickr \ Robert WilsonТаджикские национальные инструменты в музее Гурминджа в Душанбе. Архивное фото
Таджикские национальные инструменты в музее Гурминджа в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давлатназар Лайлиев-сокини деҳаи Баррӯшони ВМКБ муҳандиси роҳсоз буд ва акнун пас аз бознишаста шуданаш ба касби бобоӣ-чӯбтарошӣ машғул аст

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Бо ташаббуси сокини деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон, Давлатназар Лайлиев гурӯҳе таҳти унвони "Эҳё" дар ҳайати шаш нафар таъсис дода шудааст, хабар медиҳад расонаи расмӣ бо такя ба хабарнигори рӯзномаи "Пайғоми Рӯшон" Мамадалӣ Бахтиёров.

Ин гурӯҳи ташаббускор акнун ба сохтану тарғиби асбобҳои рӯзгор ва созҳои мусиқии қадимии аз чӯб сохташуда, машғул мебошанд.

Усто Давлатназар чун муҳандиси роҳсози идораи сохтмону таъмири роҳҳои мошингарди ноҳияи Рӯшон кор мекарду дар вақтҳои фориғ аз кор ба касби бобоӣ-чӯбтарошӣ таваҷҷуҳ дошт. Соли гузашта ӯ бознишаста шуду тамоми саъю неруяшро ба ривоҷи ин ҳунари мардумӣ бахшид.

Гуфта мешавад, ки усто Давлатназар бо маҳсули дасташ дар намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳияву вилоят пайваста ширкат мекунад.

Соли гузашта дар боғи ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри бостонии Хуҷанд рубоб, сетор, ғижжак, тамбур, дутор, най, қошуқҳои чӯбин, табақ ва армуғонҳои сохтааш ба намоиш гузошта шуда, писанди сокинони ин шаҳри бостонӣ гардиданд.

Бисёре аз маҳсулоти тайёркардаашро сокинони вилояти Суғду меҳмонони шаҳр хариданд.

Ҳамзамон соли рушди соҳаи сайёҳӣ, усто дар тарбияи насли наврас низ саҳми арзанда гузошта, бо ташаббуси Агентии шуғли аҳолии ноҳияи Рӯшон дар курси семоҳаи омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ба тарбияи ҷавонони ноҳия машғул шуда, ҳунарҳои мардумиро ба насли ҷавон меомӯзад.

Лентаи хабарҳо
0