ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Иқтисоддон Елена Кузмина қайд кард, ки Тоҷикистон ба рушди муносибот бо Узбакистон таваҷҷуҳ дорад ва вақтҳои охир фақат аз ҳамсояяш мегӯяд.
"Аксари кишварҳои минтақа дар айни замон ба Узбакистон таваҷҷуҳ доранд. Масалан, Тоҷикистон фақат дар бораи Узбакистон мегӯяд, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳам баробар ба ин кишвар таваҷҷуҳ доранд. Фақат Туркманистон мавқеъи умумӣ дорад ва умуман сиёсати сулҳофаринонаи минтақаро дастгирӣ мекунад", — гуфт ӯ.
Коршисон илова кард, ки дар ҳоли ҳозир Узбакистон мавқеъи худро дақиқ муайян ва эълом кард: муносиботи хуб бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳалли масоили баҳсомез.
Коршинос рушди муносиботи Тоҷикистону Узбакистонро мусбат арзёбӣ кард.
Суҳбати пурраи Елена Кузминаро дар бораи авзоъи сиёсию иқтисодии Осиёи Марказӣ дар шакли овозӣ гӯш кунед.