Тоҷикистону Қувайт авзоъи Афғонистонро баррасӣ карданд

© Фото : Пресс-служба МИД Республики ТаджикистанПредставители МИД Таджикистана в Кувейте
Представители МИД Таджикистана в Кувейте - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистону Қувайт авзоъи Афғонистон ва Шарқи Наздикро баррасӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Миёни Вазорати корҳои хориҷиии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Кувайт дар шаҳри ал-Кувайт машварати корӣ баргузор гардидааст, хабар медиҳад равобити умумии ВУХ Тоҷикистон.

Дар ин ҷаласа ҷониби Тоҷикистонро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҷониби Кувайтро муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба кишварҳои Осиё Алӣ Сулаймон ас-Саид роҳбарӣ намудаанд.

Тарафҳо масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Кувайт ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл, маориф ва фарҳанг, амният ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба вазъият дар Шарқи Наздик ва Афғонистон табодули назар намуда, зарурати талошҳои муштаракро ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақавӣ таъкид кардаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки Қувайту Тоҷикистон ҳамррҳ тиҷорат хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0