Сафи занони вазифадор дар Тоҷикистон меафзояд

Обуна шудан
Дар ин росто дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷаласае баргузор шудааст

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон "Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020" баррасӣ шудааст.

Рӯзи 30 март, дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи "Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020" ва "Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022" баргузор гардидааст.

Ба гузориши равобити умумии ин ниҳод, дар ин нишаст масъалаҳои марбут ба вазъи иҷтимоӣ ва беҳбуди шароити кору зиндагии бонувон ва фаъолияти занон дар сиёсат мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки дар вохӯрӣ муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ ширкат кардааст.

Пештар хабар дода шуд, ки духтарони суғдиро барои вазифаҳои роҳбарикунанда омода мекунанд.

Аз байни донишҷӯёни болаёқат, ки шавқи зиёд ба сиёсат доранд, 20 нафар беҳтаринҳо тариқи саволу ҷавоб интихоб карда шуда, ҳар ҳафта ба омӯзандагони курси мазкур донишмандон, сиёсатмадорон ва собиқадорони арсаи сиёсат дар мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла сифатҳои зан-роҳбар, омода шудан ба мақоми роҳбарӣ, таҳаммулпазирӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми зан, рисолати хизматчии давлатӣ, усули корбарӣ дар мақомот ва ғайраҳо дарс мегӯянд.

© Sputnik / Victoria LyubavinaЗанони Тоҷикистон: роҳи пурзаҳмат ба сӯи муваффақият
Занони Тоҷикистон: роҳи пурзаҳмат ба сӯи муваффақият - Sputnik Тоҷикистон
Занони Тоҷикистон: роҳи пурзаҳмат ба сӯи муваффақият

Лентаи хабарҳо
0