Дар интернет навори сӯхтори "Зимняя вишня" аз дохили бино ва гурехтани мардум пайдо шуд

Обуна шудан
Дар интернет наворе пайдо шуд, ки дар он вазъи дохили бинои маркази савдои "Зимняя вишня" ҳангоми сар задани сӯхтор нишон дода мешавад

Навор чанд лаҳза пеш аз сар задани сӯхтор сар мешавад. Дар аввал мардум оромона дар ошёнаи чоруми маркази савдо гашту гузор мекунанд.Сипас онҳо ба воҳима афтода роҳи баромад мекобанд.

Дар навор дида мешавад, ки одамон худашон аз бино берун мешаванд. Дарҳои кинозалҳо ҳам, бар хилофи баъзе маълумотҳо, ки гӯё баста буд, кушода аст.

Аз ҷумла дари толори "сурх" боз аст. Ёдрас  мешавем, бештари  қурбониён дар дохили толори "сурх" буданд.

Пас аз камтар аз як дақиқа дуди сиёҳи ғализа ҳама ҷоро иҳота мекунад.

Махмуд Художаев и Фарзон Салилов рассказали, как спасли 50 человек из горящего ТЦ в Кемерове - Sputnik Тоҷикистон
Маҳмуд ва Фарзон нақл карданд, ки чӣ гуна 50 касро аз оташ берун оварданд (НАВОР)

"Сӯхтор сар шуд, одамон ба берун мешитобанд, ин толори "кабуд" ва ин толори "сурх" аст. Касоне, ки дар толори "сурх" буданд, ҷон бохтанд, зеро,  дари онҳо баста шудари онҳо баста шуд",- шарҳ медиҳад наворро Игор Востриков, ки дар сӯхтор се фарзанд, ҳамсар ва хоҳарашро аз даст доааст.

Ёдрас мешавем, дар пайи сӯхтор Юлия Богдонова,  мудири кулли ҶДММ "Кемеровский кондитерский комбинат", ки ба он маркази савдои "Зимняя вишня" тааллуқ дошт, боздошт шудааст.

Сӯхтор дар бинои маркази савдои чорошёнаи "Зимняя вишня" дар шаҳри Кемерово рӯзи якшанбе рух дод.

Манбаи сӯхтор дар ошёнаи болоӣ будааст, ки дар он ҷо якчанд кинотолор ва майдончаҳои бозии кӯдакон бо аттраксионҳо, вуҷуд доштанд.
Дар паи ин сӯхтор, бино ба маълумотҳои ахир 64 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки дар байнашон кӯдакони зиёд будаанд.

Лентаи хабарҳо
0