Меҳрона Ғайбуллоева барои тоҷикони Маскав ҳунарнамоӣ кард (НАВОР)

Обуна шудан
Довталаби озмуни "Ту беҳтаринӣ" Меҳрона Ғайбуллоева дар назди ҳамватанонаш дар Маскав ҳунарнамоӣ кард

Меҳрона Ғайбуллоева-намояндаи Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии "Ту беҳтаринӣ!" дар Маскав якҷо бо ҳамватанонаш Наврӯзро ҷашн гирифт.

Пас аз ҳунарнамоӣ дар саҳнаи калони ҷашн, Меҳрона аз намоишгоҳҳои наврӯзӣ дидан кард. Тоҷикистониён ба назди ӯ меомаданд ва бо овозхони ҷавон акс мегирифтанд.

Ҷашнвораи "Наврӯзи Маскав" 25 март дар ВДНХ баргузор шуд. Барои тамошои барнома 40 ҳазор нафар омаданд. Аз ҷумла дисапораи тоҷикон дар таҷлили Наврӯз фаъол буданд

.Ёдоварӣ мекунем, ки Меҳрона Ғайбуллоева ба даври дуюми озмуни сурудхонии "Ту беҳтаринӣ" роҳхат ёфт. Дар даври аввали ин озмун ҳамаи чаҳор доварони озмун аз овозхонии Меҳрона розӣ шуданд. Меҳрона баз уҳдаи иҷрои суруди Полина Гогорина ба осонӣ баромаду нотаҳои баланди "Драмы больше нет"-ро бе мушкилӣ сароид.

Ғайбуллоева 17 сола буда орзу дорад овозхони касбӣ шавад. Дар ҳоли ҳозир ӯ донишҷӯи колеҷҷи мусиқавии Душанбе мебошад.

Озмуни байналмилалии овозхонии "Ту беҳтаринӣ!" ба кӯдакони боистеъдоде, ки бе нигоҳубин ва бе волидайн мондаанд, имкон медиҳад, аз худ хабар диҳанд ва саҳнаҳои бузургро тасхир кунанд. Дар мавсими дувуми озмун кӯдакону наврасон аз Русия, Белорус, Молдова, Эстония, Латвия, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Осетияи Ҷанубӣ ва Олмон ширкат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0