Александр Лукашенко ба Тоҷикистон меояд

© Пресс-служба президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон и президент Белоруссии Александр Лукашенко
Президент РТ Эмомали Рахмон и президент Белоруссии Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Торихи дақиқи сафари раисҷумҳури Белорус ба Тоҷикистон маълум шуд. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки Лукашенко ба Тоҷикистон меояд

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд. Ин иттилоот зимни мулоқоти вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо сафири ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон Олег Иванов маълум шуд.

Тавре дафтари мутбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, 30 марти соли равон вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов сурат гирифт.

"Зимни мулоқот мавзӯъҳои мубрами рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин масоил вобаста ба омодагӣ ба сафари расмии  Президенти Ҷумҳурии Белорус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Александр Лукашенко 15 май ба Тоҷикистон сафар карда, то 16 май дар кишвар мемонад.

Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори ИДМ, ки 6 апрели соли равон дар  Минск баргузор мегардад, баррасӣ гаштанд.

Лентаи хабарҳо
0