ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Федеросюни байналмилалии самбо (FIAS) узвияти Федеросюни самбои Тоҷикистонро ба далели напардохтани 900 дулор қарз мутаваққиф кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба ин гузориш ба нақл аз расонаҳои хабарӣ, ФСТ дар 3 соли ахир ҳаққи узвият дар ФБС-ро напардохтааст. Пас аз мутаваққиф шудани узвияти ФСТ дар ФБС куштигирони тоҷик иҷоза наёфтанд дар мусобиқоти "Ҷоми ёдбуди Харлампиев" дар Русия ширкат кунанд.
Ин расона гумон мезанад, ки самбокорони тоҷик то замоне, ки ФСТ қарзи сесолааашро ба ФБС пардохт накунад, аз ҳаққи ширкат дар ҳама мусобиқоти байналмилалӣ маҳрум хоҳанд буд.
Раиси ФСТ Хайрулло Назриев дар ин бора гуфтааст: "Вазъ дар воқеъ чунин аст. Мо сарпараст надорем. Федеросюн мушкили молӣ дорад. Вале мо ноумед нестем, ба зудӣ ин масъала ҳалли худро хоҳад ёфт. Мо кӯшиш мекунем, ки ҳаққи узвиятамон пардохт кунем".
Яксола ҳаққи узвият дар ФБС 300 дулор ҳазина дорад, аз ин рӯ, ФСТ барои барқарор кардани узвияташ бояд 900 дулор пардохт кунад.
Самбо яке аз варзишҳои пуртарафдор дар Тоҷикистон аст ва самбокорони тоҷик дар мусобиқоти гуногуни байналмилалӣ ҷоизаҳои гуногун дарёфт мекунанд. Чунончи, Беҳрӯз Хоҷазода соли гузашта дар Сочӣ дар вазни то 74 килуграм қаҳрамони ҷаҳон шуда буд.
Ҳамчунин, Ҷомии Ҳасан дар вазни 52 кг, Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кг, Хушқадам Хусравов дар вазни 62 кг, Ҳамроз Раҷабов дар вазни 74 кг, Комроншоҳ Устопириён дар вазни 90 кг, Аҳтам Ҳусейнов ва Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни беш аз 100 кг дар мусобиқоти гуногун ҷоизаҳо ба даст овардаанд.