ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Вакили Думаи давлатӣ аз ҳизби "Русияи воҳид" Максим Иванов дар муҳокимаҳои парлумонӣ ташаббуси таъмини ҳар як муҳоҷир бо шиносаи барқиро, ироа мекунад.
"Рӯзи душанбе мо дар Думаи давлатӣ ҷаласоти парлумонӣ оид ба масоили марбута ба муҳоҷират дорем. Ман ба дафтари Федератсияи касабаи муҳоҷирон, ки мустақиман бо онҳо кору муомила мекунанд, дархост фиристодам то ин ки фикру андешаҳояшонро оид ба тарафҳои неку бади муҳоҷират бевосита ба ман ирсол намоянд.
Тамоми фикру андешаҳои муҳоҷиронро ҷамъоварӣ намуда, мо, намояндагони ХМФ, тасмими қобили қабулро хоҳем гирифт. Албатта, дар бораи рамзгузорӣ кардани муҳоҷирон, мисли саг, гап намеравад", — гуфт рӯзи ҷумъа Иванов ба РИА Новости.
Вай фаҳмонд, ки ин фикри ӯ чунин маънӣ дорад, ки ба ҳар як муҳоҷир шиносаи шахсӣ додан лозим аст, то ба мақомоти зидахл имкони ҳарчӣ зудтар ба даст овардани иттилоъи марбутаро, диҳад.
"Чунин фикре ба сари ман омад, ки ҳар шахсе, ки вориди кишвар мешавад, ба истилоҳе муҳоҷири меҳнатӣ, бояд шиносаи шахсӣ дошта бошад. Яъне QR-рамз, ки дар смартфонҳои мақомоти салоҳиятдор сабт ва ба он тамоми иттилоъ шомил шудааст, яъне: акс, насаб, ном, номи падар, макони таваллуд, замони вуруд, нафари даъваткунанда, суроғаи маҳалли зист, замони хуруҷ, гурӯҳи хун, анвоъи маризӣ ва ғайраву ҳоказо", — шарҳ дод вакил.
Тибқи гуфтаҳои ӯ, алъон муҳоҷир бояд ҳамроҳи худ асноди зиёде дошта бошаду, тамоми талаботи ҳуқуқиро риоя намояд. Инҳо шиноснома, корти муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳар гуна хабарномаҳои дигаранд. Ташаббуси мо, дар навбати аввал, корро барои худи муҳоҷир сабук мекунад.
"Тақрибан дар ҳар як ҷаласаи худ мо лоиҳаои қонунеро баррасӣ мекунем, ки бештар ё камтар ба фаъолияти муҳоҷирон алоқа дорад. Ва масоили асосӣ инҳоянд: баҳисобгирӣ ва назорат, решакан кардани мавридҳои сӯистифодабарии онҳо, аз ҷумла тавассути мақомоти назоратӣ ва ғайра", — таъкид кард вакил.
Оқои Иванов бар он бовар аст, ки ин фикри ӯ мухолифони зиёде пайдо хоҳад кард, чун "барои нафароне соҳаи муҳоҷират тиҷорати хеле бузург аст". Инчунин вай иброз намуд, ки рӯзи душанбе мизи мудаввар барпо мешаваду, дар он вакилон ташаббуси мазкурро муҳокима хоҳанд кард.