Тоҷикистон боз се парвози "Уральские авиалинии"-ро лағв кард

© Sputnik / Стас ЭтвешСамолет авиакомпании "Уральские авиалинии", архивное фото
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд хабар доданд, ки мушкилиҳо дар масъалаи парвозҳои ширкати "Уральские авиалинии" аз 25 март сар шуданд

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Се парвози ширкати ҳавопаймоии "Уральские авиалинии" аз Хуҷанд ба Русия лағв шуд, хабар медиҳад ТоҷикТА.

"Мусофироне, ки дар Хуҷанд  аз  ширкати "Уральские авиалинии" барои парвоз ба масири Екатеринбург ва Маскав    билет харида буданд, то ҳол ба Русия сафар карда натавонистанд",- гуфта мешавад дар хабар.

Намояндаи "Уральские авиалинии" дар Хуҷанд мегӯяд, парвоз бо далели то ҳол ҳал нашудани баҳси ҳавоии байни Тоҷикистон ва Русия лағв шудааст. Манбаъ меафзояд, мушкилиҳои парвози ширкати "Уральские авиалинии" аз фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд аз 25 март сар шуданд: парвозҳо лағв мешуданд ё вақти парвоз тағйир меёфт.

Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистон ба ду парвози "Уральские авиалинии" аз Екатеринбург иҷоза дод.

Ҷониби Тоҷикистон ба"Уральские авиалинии" иҷоза дод, ки ширкат аз шаҳри Екатеринбургб а Хуҷанд ва Душанбе парвоз анҷом диҳад.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо сабаби он, ки мусофирон аллакай билетҳои ширкатро харидорӣ кардаанд, ба ду парвози "Уральские авиалинии" иҷоза дод.

"Ҳамин тавр, парвозҳои мазкур — парвози кироя мешаванд. Ҳоло маълум нест, ки дар ин масир дар оянда парвозҳо чӣ гуна сурат мегирад. Аз гуфтушуниди ҷонибҳо маълум мешавад. Ҳоло ҷониби Тоҷикистон аз Русия талаб дорад, ки парвозҳо баробар анҷом дода шаванд. Бо ҳамин сабаб шояд шумораи парвозҳои "Уральские авиалинии" камтар шаванд",- гуфта буд намояндаи ширкати "Уральские авиалинии" дар Тоҷикистон Умедҷон Лолаев.

Лентаи хабарҳо
0