Фарҳод Назаров дар Русия барои таблиғи ДОИШ ба 15 соли зиндон маҳкум шуд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкПреступник за решеткой
Преступник за решеткой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванди Тоҷикистон Фарҳод Назаров аз тариқи интернет ва паёмрасониҳои мобилӣ одамони зодаи Осиёи Марказиро барои фаъолиятҳои террористӣ дар қаламрави Русия ва берун аз он, даъват кардааст

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Додгоҳи Санкт-Петербург даъватгари гурӯҳаки террористии Давлати Исломӣ (мамнӯъ), шаҳрванди Тоҷикистон Фарҳод Назаровро ба 15 соли зиндон дар колонияи реҷаи сангин, маҳкум кард, иттилоъ медиҳад хадамоти муттаҳидаи додгоҳҳои шаҳрӣ.

"Додгоҳ ҷазоро дар шакли маҳкумият аз озодӣ ба мӯҳлати то 15-сол дар колонияҳои ислоҳотии сангин, таъйин намудааст", — гуфта мешавад дар иттилоъ.  

Мувофиқи маълумоти оҷонсии РИА Новости, ки бо маводи парванда шинос аст, шаҳрванди Тоҷикистон Фарҳод Назаров аз тариқи интернет ва паёмрасониҳои мобилӣ одамони зодаи Осиёи Марказиро барои фаъолиятҳои террористӣ дар қаламрави Русия ва берун аз он, даъват кардааст. Илова бар ин, дар автомашинаи ӯ 11 бастаи 10 граммаи ҳашиш дарёфт шудааст.

Ба Назаров айбдоршавӣ дар содир намудани ҷиноятҳои пешбинишуда тибқи қисми 1 моддаи 205.1 КҶ ФР (даъваткунӣ ба ташкилоти террористӣ), ва ҳамчунин айбдоршавӣ тибқи қисми 3 моддаи 30 банди Г қисми 4 моддаи 228.1 КҶ ФР (кӯшиши чархиши ғайриқонунии маводи мухаддир), ироа гардидааст.

Зодаи Тоҷикистон гуноҳи худро эътироф намуда, шарҳ додааст, ки бо тафтишот ҳамкорӣ мекунад. Ҳангоми таҳвили парванда ба додгоҳ айбдор изҳор кард, ки ӯро латтукуб кардаанд ва бар ин бино, маҷбур шудааст, ки баёнот диҳад у гуноҳро ба гардан гирад, ва худро танҳо дар нигоҳдории маводи мухаддир гунаҳкор меҳисобаду халос.

Лентаи хабарҳо
0