Ҷаҳонгардони рус Тоҷикистонро яке аз беҳтарин мақсадҳои гардишгарӣ донистаанд

© Фото : Nazir AbbasВиды Ишкашима, архивное фото
Виды Ишкашима, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бунгоҳи таҳлилии "ТурСтат", ки кишварҳои писандидаи ҷаҳонгардони русиро радабандӣ мекунад, Тоҷикистонро яке аз беҳтарин мақсадҳои гардишгарӣ шинохтааст

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Тоҷикистон дар навтарин радабандии ин бунгоҳ дар миёни 50 кишвари писандидаи ҷаҳонгардони русӣ ҷой гирифтааст.

Бино бар ин радабандӣ, порсол беш аз 166 ҳазор гардишгар аз Русия ба Тоҷикистон сафар карда будаанд. Ин рақам Тоҷикистонро дар 41-умин ҷойгоҳ дар радабандии бунгоҳи таҳлилии "ТурСтат" қарор медиҳад.

Таджикистан. Памир - Sputnik Тоҷикистон
Бадахшон беҳтарин макони гардишгарӣ дар ҷаҳон шинохта шуд

Ин бунгоҳ ҳамчунин шумориш карда, ки шаҳрвандони Русия дар соли 2017 камобеш 40 милюн сафар ба хориҷа анҷом додаанд, ки 25 дарсад бештар аз соли 2016 аст.

Писандидатарин кишвар барои русиён Туркия буда ва пас аз он Абхозистон, Финланд, Қазоқистон, Укроин ва Чин беҳтарин мақсадҳои гардишгарӣ шумурда шудаанд.

Тоҷикистон дар ин радабандӣ аз Норвегия, Шведия, Дания, Маҷористон, Белгия ва Малдив пеш гузашта аст. Поинтарин ҷойгоҳро дар ин радабандӣ Португалия дорад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон соли 2018-ро "Соли рушди гардишгарӣ" эълом карда ва кӯшиш дорад ҳарчи бештар ҷаҳонгардро ба сарзаминаш ҷалб кунад.

Лентаи хабарҳо
0