Кабулов: Маскав аз барои таҳдидҳо ба сафораташ дар Кобул бо Толибон тамос барқарор кард

Обуна шудан
Раҳбарони ҷунбиши "Толибон" ошкоро гуфтанд, ки душмани аслии онҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст, гуфт намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия барои Афғонистон Замир Кабулов

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Тамосҳои Маскав ва "Толибон" чанд сол пеш дар паи таҳдидҳо ба ниҳодҳои дипломатии Русия дар Афғонистон барқарор шуда буданд, гуфт мудири Дафтари дувуми Осиёии Вазорати умури хориҷии Русия Замир Кабулов.

"Ин тамосҳо чанд сол пеш аз барқарор шуда буданд, замоне ки мо ҷиддан аз эҳтимоли таҳдидҳои теруристӣ бар шаҳрвандон ва ниҳодҳои дипломатии Русия дар хориҷ нигарон шуда будем. Мо бояд барномаҳои раҳбарони толибон нисбат ба шаҳрвандони худро рӯшан мекардем. Онҳоро моро итминон доданд, ки ҳечгуна андешаи баде нисбат ба шаҳрвандон ва ниҳодҳои Русия надоранд", — гуфт Замир Кабулов дар нишасти хабарӣ дар хабаргузории "Россия сегодня".

Эксперт по Афганистану Андрей Серенко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Серенко: Тоҷикистон ба Толибон силоҳ намефурӯшад

Раҳбарони ҷунбиши "Толибон" ошкоро гуфтанд, ки душмани аслии онҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст, афзуд вай.

"Чун иштиҳоямон карнай шуда буд, ин мавзуъро матраҳ кардем, ки оё замони он фаро нарасидааст, ки ба поён додани ҷанги шаҳрвандӣ бо роҳкорҳои сиёсӣ бияндешанд", — гуфт Кабулов.

Вазъ дар Афғонистон дар моҳҳои ахир рӯ ба бад шудан ниҳодааст. Ҷунбиши "Толибон", ки бештар сарзамини паҳноваре аз бахшҳои рустоии Афғонистонро ба даст оварда буд, ҳамла ба шаҳрҳоро густариш додааст.

Ҳамзамон бо "Толибон" гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ" низ дар бахшҳое аз Афғонистон сангару пойгоҳ ба даст оварда ва вазъро бадтар гардондааст.

Авзоъи Афғонистон дар Ҳамоиши байналмилалии баррасии масоили Афғонистон 26 – 27 март дар шаҳри Тошканд баррасӣ шуд. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров 27 март дар ҳамоиши байналмилалии баррасии масоили Афғонистон дар пойтахти Узбакистон ширкат кард.

Лентаи хабарҳо
0