Дубора донишҷӯ: масъулини тоҷикро аз нав дарси назарияи эҳтимолият меомӯзонанд

© Sputnik / Стас ЭтвешЗапись на листе бумаге, архивное фото
Запись на листе бумаге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Курси омӯзиш барои омодасозии масъулини Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Душанбе тибқи илми актуарӣ (ҳақиқӣ) гузаронида мешавад. Масъулин бояд дар ҳамаи лексия ва семинарҳои он иштирок намоянд

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Ба мансабдорони тоҷик назарияи эҳтимолият ва омор таълим медиҳанд, ки барномаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони "Кумаки фаннӣ барои дастгирии ислоҳоти нафақа дар Тоҷикистон", таҳия шудааст.

Курси омӯзишии мазкур барои тайёр кардани масъулини Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Душанбе тибқи илми актуарӣ гузаронида мешавад. Масъулин бояд дар лексия ва семинарҳо пурра иштирок кунанд.

Донишгоҳи Тоҷикистон бошад, маводи дарсӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, озмоишгоҳи компютерӣ ва веб-семинарҳоро ироа мекунад.

Курси мазкур кормандонро бо назарияи омор ва ҷамъиятшиносӣ ошно карда, инчунин барои машғулиятҳои таҷрибавӣ дар рафти истифодабарии ҷадвалҳои барқии Excel баҳри гузаронидани ҳисобҳо, пешбинӣ шудааст.

Вай ҳамчунин давраи таълимии назарияи эҳтимолиятро дарбар гирифта, яке аз мавзӯъҳои асосӣ барои роҳандозии ҳисобҳои актуарӣ (ҳақиқӣ) ба шумор меравад.

Лентаи хабарҳо
0