ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Шоир ва рӯзноманигор Адиба Азиз дар вокуниш ба сӯхтори мудҳиши маркази тиҷории "Зимняя вишня" шеъри "Гелоси зимистонӣ"-ро суруда ва дар он даҳшати сӯхтор, ҷон бохтани кӯдакон пушти дарҳои баста ва қаҳрамонии ду ҷавони тоҷикро тасвир кардааст.
Адиба Азиз дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳодисаи рухдода ӯро наметавонист, бетафовут гузорад.
"Барои тамоми башар хабари оташсӯзӣ дар "Гелоси зимистонӣ" як такноне буд. Саволҳои зиёди мо ҳоло беҷавоб мондааст: оё ин оташафканӣ буд ва ё ҳаросафканӣ",- мегӯяд вай.
Аммо зоҳиран, қаҳрамонии ду ҷавони тоҷик Маҳмуд ва Фарзон шоираро илҳоми бештаре бахшидааст.
"Тан ба оташ задани ду ҷавони тоҷик хеле хатарнок буд. Маҳмуду Фарзон бори дигар собит карданд, ки тоҷикон миллати ҷонфидо, шуҷоъ ва таваккалкор ҳастанд",- мегӯяд ин духтари тоҷик.
Сарзамини Рус пур аз мотам аст,
Меваҳо дар шохаҳояш пурғам аст.
Ғунчаҳои сабз ба худ печидаанд,
Фиттаи пурдаҳшате дар олам аст.
Филми охир дар нигоҳи тифлакон,
Оташ афрӯхтанд шояд душманон.
Баста он дарҳои толор аз чӣ буд?
Ҳар қадар, ки мезаданд бечорагон.
Сужаро дар чашми олам сохтанд,
Кӯдаконро дар қафас андохтанд.
Кам набуд фарёди он гунҷишкакон,
Ҳайфи сад ҷоне, ки онҳо бохтанд!
Рехт "Гелоси зимистон" дар баҳор,
Сӯхт таротар меваҳояш бешумор.
Ҳар куҷо аз байни сад қавми дигар,
Тан ба оташ мезанад тоҷиктабор.
Пешар хабар дода шуд, ки ду ҷавони тоҷик низ дар наҷот додани қисме аз бошандагони маркази тоҷиоратии "Зимняя вишня" аз оташ саҳм гузоштаанд. Инҳо кормандони дӯкони кафшфурӯшие буданд, ки бештар аз 50 касро аз бино берун карданд.
Ба гуфтаи онҳо, ҳатто вақте ки ҳама ҷоро дуди сиёҳ фаро гирифт, онҳо аз дӯкон берун нашуда, интизор мешуданд, ки шояд каси дигареро наҷот медиҳанд. Аммо касе пайдо нашуд ва вақте ки ҳатто нафаскашӣ мушкил шуд, Фарзону Маҳмуд биноро тарк карданд.