Оғози таъмири роҳи марказии ноҳияи Ванҷ, ки 60 сол пеш сохта шудааст

© Sputnik / Лев Устинов / Гузариш ба медиабонкДолина реки Ванч. Архивное фото
Долина реки Ванч. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Ванҷ корҳои таъмиркунии роҳи марказӣ оғоз шудааст

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Роҳсозони Муассисаи давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Ванҷ ба васеъ ва ҳамворкунии роҳи марказии ноҳия шурӯъ карданд, хабар медиҳад расонаҳои расмӣ.

Ба гуфтаи муовини аввали раиси ноҳия Одинашо Мардов, "ин роҳ аввали солҳои шастуми асри гузашта сохта шудааст ва ба талаботи имрӯза комилан ҷавобгӯ нест. Зеро баъзе аз қитъаҳои роҳ ҳамагӣ 6-7 метр паҳноӣ дорад ва илова бар ин аз ду тарафи роҳ ҷӯйбор ва роҳи пиёдагард мавҷуд нестанд".

Ремонт дороги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ободӣ: роҳҳои кӯчаҳои шаҳри Хуҷандро мумфарш мекунанд

Мутобиқи нақшаи генералии Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳи марказӣ комилан аз нав сохта мешавад. Барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ аз буҷаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 8 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

ба иттилоъи манбаъ, дар ихтиёри роҳсозон 8 техникаву механизмҳои пуриқтидор гузошта шудаанд ва онҳо мутобиқи нақша ҳамвор ва мумфаршкунии севу ним километр роҳро то даҳаи дуюми моҳи апрел ба анҷом мерасонанд.

Муовини аввали раиси ноҳия гуфтааст, ки "ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Зеро аз ин роҳ мошинҳое низ убур мекунанд, ки иқтидори вазнбардориашон аз 60 тонна боло аст ва дар сурати риоя накардани меъёрҳои роҳсозӣ ин роҳ дар фурсати кӯтоҳ хароб гардида метавонад".

Манбаъ афзуда, ки ҳамзамон дар канори роҳи марказӣ сохтмони чанд бинои хуштарҳу замонавӣ идома дорад.

Интизор меравад, ки имсол биноҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 ва шуъбаи амнияти миллӣ ба истифода дода шаванд.

Лентаи хабарҳо
0