Нақли шоҳиди сӯхтори Кемерово, ки се кӯдакро наҷот дод

Обуна шудан
Дима Полухин аз сӯхтори Кемерово се кӯдак-ду духтару як писарро наҷот дод

Дима Полухини 17-сола тарбиятгирандаи МЧС Русия аз дохили сӯхтор се кӯдакро наҷот дод.

"Ҳеч чизро намедидам, чун дуди ғавси сиёҳ фазоро пур карда буд. Ман гиряи кӯдаконро шунидам, ки дар кунҷи тарафи рост нишаста буданд. Се кӯдак-ду духтар ва як писар", — гуфт Полухин.

Ин ҷавон тавонист се кӯдакро аз дохили дуду сӯхтори маркази савдои "Зимняя Вишня" барорад.

Сӯхтор дар бинои маркази савдои чорошёнаи "Зимняя вишня" дар шаҳри Кемерово рӯзи якшанбе рух дод.

Манбаи сӯхтор дар ошёнаи болоӣ будааст, ки дар он ҷо якчанд кинотолор ва майдончаҳои бозии кӯдакон бо аттраксионҳо, вуҷуд доштанд.

Дар паи ин сӯхтор бино ба маълумоти охирин, 64 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки дар байнашон кӯдакони зиёд будаанд.

Лентаи хабарҳо
0