ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Ширкатҳои русӣ аз шаҳри Челябинск дар намоишгоҳи байналмилалии "Тоҷикистон – 2018" ширкат мекунанд.
Ба гузориши ТоҷикТА, ин намоишгоҳ рӯзҳои 29 – 31 март дар "Кохи Борбад" ва бо пуштибонии ҳукумати Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
Ширкатҳои русӣ бо ҳамкории Маркази пуштибонии содироти вилояти Челябинск ва Намояндагии бозаргонии Русия дар Тоҷикистон ба Душанбе хоҳанд омад.
Тавлидкунандагони русӣ кӯшиш мекунанд бо ширкат дар ин намоишгоҳ ҳамкориҳои бозаргонӣ ва иқтисодии Русия ва Тоҷикистон дар заминаҳои фанновариҳои кишоварзӣ, маводи хӯрокӣ, масолеҳи симонӣ ва мошинсозиро беш аз пеш густариш диҳанд.