Русия дар сӯги қурбониёни Кемерово мотам дорад

© Sputnik / Николай Хижняк / Гузариш ба медиабонкАкции в память о погибших при пожаре в ТЦ "Зимняя вишня"
Акции в память о погибших при пожаре в ТЦ Зимняя вишня - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар саросари қаламрави Русия парчамҳои давлатӣ фароварда хоҳанд шуд, ба муассисаҳои фарҳангӣ ва ширкатҳои телевизиониву радиоӣ пешниҳод кардаанд, ки чорабиниҳо ва барномаҳои фароғатияшонро боздоранд

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Азодории умумимиллии Русия дар робита бо фоҷиаи Кемерово эълон шуд, ки дар натиҷаи сӯхтор 64 нафар ҷон бохтаанд.

Дар саросари қаламрави Русия парчамҳои давлатӣ фароварда хоҳанд шуд, ба муассисаҳои фарҳангӣ ва ширкатҳои телевизиониву радиоӣ пешниҳод кардаанд, ки чорабиниҳо ва барномаҳои фароғатияшонро боздоранд, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Сӯхтор дар бинои маркази савдои чорошёнаи "Зимняя вишня" дар шаҳри Кемерово рӯзи якшанбе рух дод. Манбаи сӯхтор дар ошёнаи болоӣ будааст, ки дар он ҷо якчанд кинотолор ва майдончаҳои бозии кӯдакон бо аттраксионҳо, вуҷуд доштанд. Дар натиҷаи сӯхтор, тибқи маълумоти охирин, 64 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки дар байнашон кӯдакони зиёд будаанд.

Тамоми кишвар ғамгин аст

Вице-губернатор Кемеровской области Сергей Цивилев на митинге у администрации Кемерова - Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси вилоят назди мардуми Кемерово зону зада барои сӯхтор бахшиш хост

Дар маркази шаҳри Кемерово, пас аз фоҷиа беш аз 11 соат тазоҳурот идома ёфт. Он соати 9-и субҳ ба вақти маҳаллӣ (5 мск) оғоз гардида, одамон танҳо бо фарорасии торикӣ пароканда шудаанд. Дар робита бо сӯхтор тасмим гирифта шудааст, ки дар шаҳри Кемерево маркази ягонаи расонидани кумаки равонӣ, таъсис ёбад.

Дар бисёр шаҳрҳо одамон лавҳаҳои ёдбуд созмон дода, ба он ҷо гулу бозичаҳо бурдаанд. Дар Маскаву Петербург ва дигар шаҳрҳо чорабиниҳои хотиравӣ баргузор гардиданд. Дар вилоятҳои Брянск, Ярославл, Тамбов ва минтақаҳои дигари Русия чорабиниҳои фароғатиро пештар бекор карда будаанд.

Ғаму андӯҳи худро барои фавтидагон ҳамчунин ВАО-и бисёр минтақаҳо баён карда,  аксарияти онҳо саҳафоти манобеии интернетяшонро бо лифофаҳои азодорӣ нишон дода, аз тарроҳии рангаю зебо ва дурахшони расонаҳояшон, даст кашидаанд.

Дар тамоми манотиқи марказии Русия рӯзи сешанбе маросими ҷанозаи ҳалокшудагони сӯхтор дар шаҳри Кемерево баргузор шуд. 

Ба назди сафоратхонаҳои Русия дар хориҷа одамон гул ва бозича овардаанд. Чунин амал дар Қазоқистон, Латвия, Финляндия ва Белгия рӯй додааст. Таъзияҳои худро роҳбарони бисёр давлатҳо, аз ҷумла сарвазири Британияи Кабир Тереза Май, баён намудаанд.

Масъалаи ҷавобгарӣ

Додгоҳи ноҳиявии "Заводской"-и шаҳри Кемерово ният дорад рӯзи чоршанбе дархости тафтишотро дар робита ба интихоби чораи пешгирикунанда дар нисбати айбдоршавандагон аз рӯи парвандаи ҷиноии дар бораи сӯхтор дар маркази савдо, баррасӣ кунад.

Тибқи парвандаи ҷиноӣ, аллакай чаҳор гумонбар то таърихи 29-уми март боздошт шудаанд. Ин мудири омили МС Надежда Судденок, мудири фанниии ширкати молики МС (ҶСК "Кемеровский кондитерский комбинат") Георгий Соболев, роҳбари ширкати "Системний интегратор", ки таҳиягари низоми бехатарии оташнишонӣ дар бинои МС буд, Игор Полозиненко ва корманди ширкати "Системний интегратор", ки масъули насб ва роҳандозии низоми бонги хатар ба шумор мерафт, Александр Никитин.

Путин возложил цветы на месте трагедии в Кемерове - Sputnik Тоҷикистон
Путин барои гиромидошти хотири қурбониёни Кемерово гул гузошт (НАВОР)

Рӯзи сешанбе раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар Кемерово қарор дошт, ки бар пояи лавҳаи ёдбуди фавтидагон гул гузошту, ҷабрдидагонро дар беморхона зиёрат кард. Сипас вай бо сокинони шаҳр вохӯрӣ ва мулоқот анҷом дод.

Дар миёни далоили ин ҳодиса, раисиҷумҳур ғафлати ҷиноӣ ва саҳлангорию беэътиноиро номбар кард. Путин ба сокинони Кемерево ваъда дод, ки тамоми гунаҳкорон ёфта ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. "Ҳеҷ кас аз ҳеҷ кас пуштибонӣ нахоҳад кард!", ̶  гуфт вай.

Ба саволи "Оё роҳбари вилоят Амон Тулеев ба бознишастагӣ фиристода хоҳад шуд?", Путин таъкид кард, ки тасмимоти кадриро танҳо пас аз муқаррар намудани тафтишот, ки кӣ ва бо кадом айб гунаҳкор аст, мегирад.  

Сардори Кумитаи тафтишотӣ, ки дар ҷаласа ширкат дошт, сабабҳои асосии ҳодисаи рухдодаро иттисоли барқ ва «истифодаи оташи кушода» эълон кард. Дар айни ҳол, далели охиринро тафтишот аз эҳтимол дур медонад. Ӯ гуфт, ки тафтишот сабабҳои бастани дарҳои кинотолорҳоро муайян карда истодааст — шояд ҳамин тариқ бо нафарони бечипта мубориза бурда бошанд. Бинои корхонаи қаннодӣ, ки соли 1968 бунёд ёфтааст, дар соли 2013 ба маркази савдо табдил дода, эҳтимол ба норасоиҳо роҳ дода шудааст, қайд намуд вай. Мувофиқи гуфтаҳои хешовандони қурбониёни фоҷеа, фавтидагон бо иллати маҳкам будани дарҳо аз дарун, натавонистаанд аз кинотолор берун бароянд.

Амон Тулеев ба раисиҷумҳур шарҳ дод, ки тибқи гуфтаҳои шоҳидон, дар маркази савдои "Зимняя вишня" соати субҳонаи кӯдакон бо фейрверкҳо гузашта истода будааст, ки аз он сӯхтор ба амал омадааст. Тулиев ҳамчунин аз Путин барои фоҷиа бахшиш пурсид.

Наҷотдиҳандагон аз зери харобаҳои бино аҷсоди тамоми фавтидагонро ёфта баровардаанд, ки аллакай аввалин маросимҳои бахоксупорӣ, баргузор шудааст.

Масъулияти соҳиби МС "Зимняя вишня", ва ҳамчунин худи бинои сӯхташудаи маркази савдо суғурта нашуда будааст, иттилоъ додааст раиси Иттиҳоди суғуртаи умумирусиягӣ Игор Юргенс.

Лентаи хабарҳо
0