ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Аслиҳасози советӣ, писари муаллифи ҷангафзори тирандоз Михаил Калашников, Виктор Калашников даргузашт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии "Донишкадаи давлатии техникии ба номи М.Т. Калашников.
"Рӯзи 27 март Виктор Михайлович Калашников-аслиҳасози шӯравӣ номзади илмҳои техникӣ, писари аслиҳасози номдор Михаил Тимофеевич Калашников даргузашт", — омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ки маросими гусели аслиҳасози рус Виктор Калашников рӯзи 30 март дар Ижевск баргузор мешавад.
Виктор Калашников рӯзи 16 июли соли 1942 ба дунё омадааст. Соли 1966 пас аз хатми Донишкадаи техникии Ижевск фаъолияташро дар заводи маҳаллӣ оғоз кардааст.
Дар паи омӯзиши хусусиятҳои силоҳ, Калашников омилҳоеро, ки ба дарозумрӣ ва устувории аслиҳа таъсир мекунад, муайян кардааст.
Ӯ дар сохтани аслиҳаҳои шикорӣ аз ҷумла "Медвед-3" саҳм гузоштааст.