Як сӯхтори дигар дар Санкт-Петербург.Фурӯшгоҳи мошин сӯхт (НАВОР)

Обуна шудан
Дар фурӯшгоҳи мошини Hyundai дар Санкт-Петербург сӯхтор сар зад

Ширкати "Рольф" ба РИА Новости тасдиқ кард, ки дар шаҳри Санкт-Петербург яке аз фурӯшгоҳҳои ширкат месӯзад.

Дар ҷойи ҳодиса имдодрасонҳо ва дастаҳои оташнишонӣ кор мекунанд.

Шаҳрвандон аз дохили бино берун карда шудаанд ва касе дар натиҷаи ин ҳодиса ҷароҳат набардоштааст.

Сӯхтор дар масоҳати 500 метри квадратӣ сар зада буд, ки барои хомӯш кардани он 24 техника ва 107 имдодрасон ва наҷотдиҳандагон сафарбар карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0