Худамон дорем: мақомоти давлатии Эрон аз хариди колоҳои хориҷӣ маҳрум шуданд

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузариш ба медиабонкТегеран, архивное фото
Тегеран, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои вазирони Эрон дар бораи мамнӯияти хариди колоҳои хориҷӣ аз ҷониби созмонҳои давлатӣ, ки тавлидоти мушобеҳи онҳо дар кишвар вуҷуд дорад, эълом кард.

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Шӯрои вазирони Эрон тасмимеро дар робита ба мамнӯияти харди колоҳои хориҷӣ аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ, ки мушобеҳи онҳо дар кишвар тавлид мешаванд, гирифт, гуфта мешавад дар гузорише, ки аз ҷониби маркази иттилоотии ҳукумати электронии Эрон чоп шудааст.

"Шӯрои вазирон дар бораи мамнӯияти хариди колоҳои хориҷие, ки тавлиди мушобеҳи онҳо дар кишвар ҳаст, барои ҳама созмонҳои давлатӣ манъ кардааст", — гуфта мешавад дар гузориш. Дақиқ мешавад, ки ҳукумати кишвар рӯйхати чунин колоҳоро омода ва тасдиқ намудааст.

Ҷаласаи Шӯрои вазирон рӯзи якшанбе таҳти раёсати раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ баргузор гардид, ки он нахустин дар соли нави эронӣ аст. 

Қаблан раҳбари олии Эрон оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ дар суханронии худ, ки бахшида ба фарорасии Наврӯз буд, соли нави эронии 1397-ро Соли «дастгирии колоҳои эронӣ» номида буд.

Дар рафти ҷаласаи Шӯрои вазирон, роҳбари Вазорати саноат ва савдои Эрон гузориши худро дар робита ба низоми дастгирии колоҳои тавлидшуда дар кишварро, ироа намуд.

Лентаи хабарҳо
0