Путин ба шаш тоҷик шаҳрвандии Русияро дод

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкРоссийский паспорт
Российский паспорт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар фармони раисҷумҳур, зодагони Тоҷикистон баробари савгандёдкунӣ соҳиби шаҳрвандии Русия мешаванд

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонид, ки мутобиқи он 63 нафар шаҳрвандии Русияро ба даст оварданд. Фармони раисҷумҳур дар вебгоҳи маълумоти ҳуқуқӣ мунташир шудааст.

Мувофиқи ҳуҷҷат шаҳрвандии Русияро даҳ шаҳрванди Узбакистон, ҳафт — Украина, шаш шаҳрванди Тоҷикистон ва Арманистон, панҷ шаҳрванди Афғонистон ва Малдова, се шаҳрванди Ветнам, ду — Қазоқистон, як шаҳрванди Чин, Исроил, Сербия, Лубнон ва Қирғизистон ба даст оварданд.

Афзун бар ин шаҳрвандии Русияро 4 зодаи кишвар ба даст оварданд.

Бино бар фармон, шаҳрвандон пас аз маросими савгандёдкунӣ расман шаҳрванди Русия мешаванд. Нафароне, ки ба балоғат нарасидаанд, баробарии савганд ёд кардани волидайн, онҳо низ шаҳрванди Русия мешаванд.

Афзун бар ин раисҷумҳур аризаи се сокини кишварро дар бораи берун шудан аз шаҳрвандӣ тасдиқ кард.

Моҳҳои декабри соли гузашта хабар дода шуд, ки дар Душанбе 50 тан савганд ёд карда, шаҳрвандии Русияро қабул карданд.

Маросими савгандёдкунӣ дар консулгарии Русия дар Тоҷикистон баргузор шуду 50 сокини Душанбе соҳиби шаҳрвандии Русия шуданд.

Нафаре, ки савганд мехӯрад, нахуст бо овози баланд матни савгандро хонда пасон рӯи коғазе ному насаб ва рӯзу моҳу солро навишта соядаст мегузорад.

Лентаи хабарҳо
0