ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Вазорати таробарии Русия интизор дорад, ки Тоҷикистон масъалаи мусофирбарии ҳавоӣ миёни ду кишварро то 5 апрел ҳалл хоҳад кард, гуфт вазири таробарии Русия Максим Соколов.
"Мо барои Тоҷикистон то 5 апрел фурсат додем", — афзуд вай дар посух ба пурсиши хабарнигорон.
"Мо бо ҳамкоронамон дар тамос ҳастем. Агар бо онҳо ба созишу тавофуқ нарасем, бар асоси муқаррароти қарордодамон барои мусофирбарии ҳавоӣ иқлом хоҳем кард", — тавзеҳ дод Соколов.
Пеш аз ин намояндаи Вазорати таробарии Русия гуфта буд, ки Тоҷикистон қарордодҳои байналмилалиро нақз карда ва бе иттилоърасонӣ ба ширкатҳои мусофирбарии русӣ, парвозҳо дар масири Перм – Душанберо иҷоза надода ва ҳамчунин дархости анҷоми паврозҳо дар масирҳои Краснодар – Хуҷанд, Челябинск – Душанбе ва Жуковский – Кӯлобро ҳам таъйид накардааст.
Ба гуфти вай, Русия ин ҳаққро барои худ нигаҳ дошта, ки бо Тоҷикистон муомила ба мисл кунад.