Наврӯз дар Маскав: "Наврӯзгоҳи Маскав" имсол мизбони 20 кишвар буд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкМосковский общегородской праздник "Навруз-2018"
Московский общегородской праздник Навруз-2018 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол дар барномаҳои ҷашни Наврӯз дар шаҳри Маскав бештар аз дигар солҳо ҳунармандону тамошобинон ширкат карданд

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Шаҳри Маскав 25 март дар яке аз бузургтарин ғурфаҳои ВДНХ ё Намоишгоҳи дастовардҳои иқтисодиву кишоварзӣ Наврӯзро ҷашн гирифт.

Имсол дар барномаҳои ҷашни Наврӯз дар ВДНХ бештар аз дигар солҳо ҳунармандону тамошобинон ширкат карданд. Ин бор намояндагони 22 кишвар расму ойинҳо ва барномаҳои ҳунариву фарҳангӣ ва ошпазии худро ба мардум ва меҳмонони шаҳри Маскав намоиш доданд.

Ҳарчанд душвор буд барномаҳои ҷашнии ҳама мардумонро пӯшиш дод, вале Sputnik Тоҷикистон сахт кӯшид то ҳар ончиро, ки дар назди "хонаҳои миллӣ" мегузарад, бозтоб диҳад.

Юрт дар канори хоровод

Замоне, ки дар яке аз гӯшаҳои "Наврӯзгоҳи Маскав" меҳмононро ба юрт фаро мехонданд, дар дигар гӯшааш мардумро ба тамошои ҳунарнамоии гурӯҳи мусиқиву рақси русӣ даъват мекарданд. Дар миёни тӯда кулоҳҳои тоҷикӣ, қазоқӣ, қирғизӣ бештар ба чашм мехӯрданд. Ҳар аз гоҳе меҳмононе бо пӯшоки миллии туркманӣ, эронӣ, ҳиндӣ, узбакӣ ва афғонӣ инҷову онҷо дида мешуданд.

Духтарон бо якдигар барои зеботарин пироҳани миллӣ мусобиқа доштанд ва ҷавонон бо парчамҳои миллии барафрошта кӯшиш доштанд ҳарчи хуштар аз рӯи фарши сабзе бигзаранд, ки ба муносибати Наврӯз густарда буданд.

© © Sputnik / Евгений ОдиноковМосковский общегородской праздник "Навруз-2018"
Московский общегородской праздник Навруз-2018 - Sputnik Тоҷикистон
Московский общегородской праздник "Навруз-2018"

Бисёре аз меҳмонон ҳар кадоме бо парчами кишвари худ бар дӯшу сурудхонон гашту гузор мекарданд. Ногуфта намонад, ки ин сурудхонии ҳар касу ҳарҷо ҳарҷу марҷ падид намеовард: он рӯз ҳама дар ВДНХ ҳамдилу ҳамовоз буданд.

Ҳарчанд дар толор ғулғула буд, вале ин сару садоҳо ба чандин забон чунон дар ҳам печида буда, ки гӯё ба як забон буд ва монеъ аз гуфтугӯи тамошобинон бо якдигар намешуд. Шигифтангезтар аз ҳама ин буд, ки дар чунон ғулғулае кӯдакони ширхора сари синаи падаронашон ба хоби ноз рафта буданд.

Палавмастӣ

Ҳунармандон меҳмононро дар "Наврӯзгоҳи Маскав" на танҳо бо сохтаҳои дасташон шод мекарданд. Барои дӯстдорони палаву самбӯсаву суманаки тоҷикӣ дар ин ғурфа "дасторхонҳое" ороста буданд, ки кас аз диданашон сер мешуд.

Дар берун ҳар ошпазе канори деги худ остинҳоро бар зада пухту паз мекард. Ҳаво аз бӯи иштиҳоовари палав пур шуда буд ва ҳар касе, ки онро мешамид, нохудогоҳ пояш ӯро ба сӯи дегҳо мекашид. Ошпазҳо низ ҳаминро мунтазир буданд – онҳо барои хӯрондани 40 ҳазор меҳмон на камтар аз як тонна палав пухта буданд.

Ошпазҳо на танҳо дар хӯрондани меҳмонон мусобиқа доштанд, балки кӯшиш мекарданд ҷоизаи хушмаззатарин палавро дар озмуни "Палавмастӣ" ба даст оваранд.

© © Sputnik / Евгений ОдиноковМосковский общегородской праздник "Навруз-2018"
Московский общегородской праздник Навруз-2018 - Sputnik Тоҷикистон
Московский общегородской праздник "Навруз-2018"

Ҳамин ки ошпазҳо дегашонро аз оташдон бардоштаву хушнудона ба ғурфа мебурданд, чанд лаҳзае намегузашт, ки он холӣ мешуд. Палавдӯстон дар назди "Ошпазхонаи тоҷикӣ" чунон издиҳом карда буданд, ки палав чашидан он сӯ истад, ҳатто косаву чумчаро ҳам ба сад заҳмат мешуд ба даст овард.

Бисёре аз онҳо ночор буданд дигар барномаҳои наврӯзиро қурбони палавдӯстии худ кунанд: бархе ба барномаи ҳунарӣ нарасиданд ва бархе фурсат накарданд кулоҳу ҷома бихаранд ва ё ҳама толорҳоро тамошо кунанд. Вале бисёре аз онҳое, ки палав насибашон шуда буд, мегуфтанд, ки он арзиши навбат поиданро дошт.

Куштӣ

Имсол барои нахустин бор дар "Наврӯзгоҳи Маскав" зӯрозмоии куштигирон ҳам баргузор шуд, чуноне ки дар Тоҷикистон ҳеч Наврӯзе бе куштӣ намегузарад.

Ин мусобиқаи куштиро созмонҳои "Нур" ва "Помир" бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон баргузор карданд. Барои баргузории ин мусобиқот толори ҷудогонае ихтисос дода буданд. Зӯрозмоии куштигирон бисёр ҷиддӣ, мардона, бе созу овозу рақс, пеш мерафт, ки аз ин набардҳо басе гиротару ҳаяҷонангезтар шуда буданд.

Дар чорчӯби ин мусобиқот беш аз 90 паҳлавон дар панҷ вазн куштӣ ва дар се вазн куштии камарбанд гирифтанд. Зӯрозмоии паҳлавононро садҳо кас бо ҳаяҷон тамошо дошт ва ҳар кадоме барои ҳамшаҳрии худ ҳаводорӣ мекард. Бисёре аз тамошобинон ин набардҳоро наворбардорӣ мекарданд то барои касоне намоиш диҳанд, ки дар навбати палав истода буданд.

Дар мусобиқоти куштии тоҷикӣ Дидоралӣ Азизуллоев, Ҷаҳонгир Зикриёев, Нодир Хушаков, Беҳрӯз Гиёев ва Владимир Сарёв қаҳрамон шуданд. Дар мусобиқоти куштии камарбанд Тамерлан Керефов, Рустам Исмоилов ва Александр Затсепин бар ҳамовардон дастболо шуданд.

© © Sputnik / Евгений ОдиноковМосковский общегородской праздник "Навруз-2018"
Московский общегородской праздник Навруз-2018 - Sputnik Тоҷикистон
Московский общегородской праздник "Навруз-2018"

Қаҳрамонони ин мусобиқот аз сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ҷому нишону ҷоизаҳо дарёфт карданд.

Ҳунарнамоии чандсоата

Ҳеч ҷашне дар Ховарзамин бе базму созу овоз баргузор намешавад. Аз ин рӯ, ҳарчанд Маскав шаҳре дар Бохтарзамин аст, вале он рӯз гӯшае аз Ховар шуда буд ва аз оғоз то анҷом овозхонону навозандагон аз кишварҳои гуногун "Наврӯзгоҳ"-ро пур аз созу овоз карда буданд.

Дар ин барномаи ҳунарӣ ҳунармандони номдоре чун Давлатманд Холов, Ренат Иброҳимов, Василий Овсянников. Належда Кригина, барандаи барномаи ҳунарии "Голос" Данила Плужников, гурӯҳи "Учқудуқ" ва бисёре дигар ҳунарнамоӣ карданд.

© © Sputnik / Евгений ОдиноковМосковский общегородской праздник "Навруз-2018"
Московский общегородской праздник Навруз-2018 - Sputnik Тоҷикистон
Московский общегородской праздник "Навруз-2018"

Ҳунарнамоии овозхонҳову навозандаҳоро аз рӯи ҷойгоҳи номи кишварашон дар алифбо замонбандӣ карда буданд, аз ин рӯ ҳар гоҳ, ки номи кишвареро мегирифтанд, меҳмонон аз он кишвар ба саҳна наздиктар меомаданд. Ҷолиб аст, ки ҳунарпешаҳои тоҷику узбакро дар канори ҳам ҷой дода буданд, то инҷо низ ҳамсоя бошанд.

Меҳмонон аз Тоҷикистон ва Узбакистон ҳам дар ҳангоми ҳунарнамоии ҳамшаҳриёнашон ҳар аз гоҳе парчамҳои кишварҳояшонро баланд бардоштаву ҳурро мекашиданд. Муҳоҷирони тоҷикро бештар аз ҳама овозхонии устод Давлатманд Холов шод кард, ки ӯро бо кафкӯбии гарм пешвоз гирифтанду гусел карданд. Ҳамчунин намоиши пироҳанҳои тоҷикии тарроҳон Лясан Юмагузина ва Мадина Шарипова меҳмононро бисёр хуш омад.

Ҳунарпешаҳо яке аз паи дигаре якдигарро дар саҳна иваз мекарданд ва меҳмонон дар ҳавои оҳангҳои шӯх дастафшониву покӯбӣ мекарданд. Аммо ҳунарнамоии Меҳрона Ғайбуллоева фазои ҷашнро дигаргун кард: акнун хурду бузург ҳама дар ҳавои таронаи ӯ мерасқсиданд ва дастафшонӣ мекарданд.

Ақрабаки соат беист ба сӯи нимашаб медавид, аммо камтар касе аз меҳмонон мехост аз "Наврӯзгоҳ" биравад, зеро Наврӯз барои бисёре аз онҳо ягона фурсатест, ки худро дар кишварашон эҳсос кунанд ва ё бо дӯстону ҳамшаҳриёнашон дидор тоза кунанд.

Дар шомгоҳи зудҳангоми шаҳри Маскав аз дарвозаҳои "Наврӯзгоҳ" то даромадгоҳи истгоҳи метро "корвоне" аз кулоҳҳои рангоранг равон буд. Ҳафтаи наврӯзӣ дар пойтахти Русия бо маззаи хуши палав ва ёди базму разм дар лабхандҳо ба поён расид.

Лентаи хабарҳо
0