ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон изҳороти фармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи ИМА дар Афғонистон генерал Ҷон Николсонро ки гуё тавассути сарҳади Тоҷикистон ба Толибон силоҳ таъмин мегардад беасос хонд. Дар ин бора дафтари матбуотии ниҳод гузориш медиҳад.
"Изҳороти беасоси фармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи ИМА дар Афғонистон генерал Ҷон Николсон дар мусоҳибааш бо ВВС (23.03.2018), ки гуё тавассути сарҳади Тоҷикистон ба Толибон силоҳ таъмин мегардад, боиси таассуф аст",-омадааст дар раддияи ВУХ ҶТ.
Манбаъ меафзояд, "Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ машрӯъияти "Ҷунбиши Толибон"-ро эътироф накардааст".
"Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мусолиматомези низоъ дар Афғонистон ҳаргиз қаламрави худро барои иҷрои чунин амалҳо, ки хилофи равишҳои бунёдии сиёсат ва мавқеи усулии кишвар дар масъалаҳои сулҳу амният аст, ба ихтиёри кишварҳои дигар нагузоштааст",- менависад ВУХ ҶТ.
Пештар хабар дода шуд, ки "Толибон" дар ҳамоиши масоили Афғонистон дар Тошканд ширкат намекунад.
Ҳайъати ҷунбиши "Толибон" дар ҳамоиши байналмилалии ҳалли масоили Афғонистон дар Тошканд ширкат нахоҳад кард, гуфт сухангӯи ин ҳамоиш Шерзод Қудратхоҷаев.
Пештар Вазорати умури хориҷии Узбакистон эълом карда буд, ки "Толибон" дархости расмии ширкат дар ин ҳамоишро надода, вале намояндагони Вазорати умури хориҷии Қатар дар ин нишаст ҳузур хоҳад дошт, ки аз соли 2013 намояндагии "Толибон"-ро ҳам ба уҳда доштааст.