ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Ҳайъати ҷунбиши "Толибон" дар ҳамоиши байналмилалии ҳалли масоили Афғонистон дар Тошканд ширкат нахоҳад кард, гуфт сухангӯи ин ҳамоиш Шерзод Қудратхоҷаев.
"Расман ба иттилоъятон мерасонам, ки имрӯз ва фардо ҳайъати "Толибон" дар ҳамоиш ширкат нахоҳад кард", — гуфт Қудратхоҷаев.
Пештар Вазорати умури хориҷии Узбакистон эълом карда буд, ки "Толибон" дархости расмии ширкат дар ин ҳамоишро надода, вале намояндагони Вазорати умури хориҷии Қатар дар ин нишаст ҳузур хоҳад дошт, ки аз соли 2013 намояндагии "Толибон"-ро ҳам ба уҳда доштааст.
Вазорати умури хориҷии Узбакистон умедвор шуда буд, ки Қатар дар баргузории музокирот бо ширкати ҷунбиши "Толибон" нақши муҳимеро иҷро кунад.
Ин ниҳод эълом карда, ки дар ин ҳамоиш вазирони умури хориҷии Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Урупо Федерико Могеринӣ ва муовини сиёсии вазири хориҷаи Амрико Томас Шеннон ширкат хоҳанд кард.
Ҳамчунин 27 март дар Тошканд нишасти вазирони умури хориҷии "Иттиҳоди Урупо – Осиёи Марказӣ" баргузор мешавад.