Сӯхтор дар Кемерово: Эрон бо Русия ҳамдард аст

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузариш ба медиабонкТегеран, архивное фото
Тегеран, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Эрон бо давлат ва миллати Русия ҳамдардӣ кард

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон Баҳром Қосимӣ бо давлату миллати Русия ва хонаводаҳои қурбоншудагон дар сӯхтор дар Кемерово ҳамдардӣ кард.

Бино бар охирин хабарҳо, дар сӯхторе, ки дирӯз дар яке аз фурӯшгоҳҳои бузурги шаҳри Кемерово сар зада буд, 64 кас кушта ва 44 кас захмӣ шуда ва даҳҳо кас низ то кунун пайдо нашудаанд.

Кумитаи бозҷӯии Русия эълом карда, ки то кунун 15 тан аз кушташудагон дар ин сӯхтор шиносоӣ шудаанд.

Аз рӯи шумораи қурбониён сӯхтори Кемерово яке аз бузургтарин оташсӯзиҳо дар 100 соли ахир дар Русия аст. Дар баробари он сӯхтор дар меҳмонхонаи "Русия" дар Маскав (соли 1977, 42 қурбонӣ), дар хобгоҳи РУДН дар Маскав (соли 2003, 44 қурбонӣ), дар хонаи кӯҳансолон дар Краснодар (соли 2007, 63 қурбонӣ), дар клуби "Хромая лошад" дар Перм (соли 2009, 153 қурбонӣ) ва дар хонаи кӯдакони бемор дар вилояти Новгород (соли 2013, 37 қурбонӣ) аз бузургтаринҳо дониста мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0