Сӯхтор дар Кемерово, бузургтарин дар 100 сол

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкПожар в торговом центре "Зимняя вишня" в Кемерово
Пожар в торговом центре Зимняя вишня в Кемерово - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи якшанбе дар маркази савдои "Зимняя вишня" дар Кемерово сӯхтори бузурге рух дод

ДУШАНБЕ, 26 мар— Sputnik. Дар маркази савдои "Зимняя вишня" дар Кемерово сӯхтор ба амал омад, ки дар паи он 53 кас ҷон бохту 45 нафар захмӣ шуда 64 каси дигар бе ному нишон шуд (аз ҷумла 41 кӯдак).

МЧС Русия барои хомӯш кардани сӯхтор гурӯҳи бузурги имдодгаронро сафарбар кардааст.

Аз дохили дуд мебаромаданд

Ба нақли шоҳидони ҳол, касе пай набурд, ки чӣ гуна сӯхтор сар зад, чун ягон сигнале аз саршавии сӯхтор дарак надод ва мардум худ аз сӯхтор мегурехтанд.

"Зане давида кӯдакашро гирифт. Чизе нагуфта давида рафт. Марде инро дида ҳайрон шуду аз айвони баромад. Дар он ҷо аллакай мардум дод мегуфтанд-сӯхтор", — гуфт яке аз шоҳидон дар суҳбат бо шабакаҳои телевизионӣ.

Российские военные в Таджикистане потушили пожар  в жилом доме на окраине Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Сӯхтор дар бузургтарин бозори шаҳри Қурғонтеппа

"Аввал диққат накардем, охир маркази савдо, ҷавонон, рӯзи истироҳатӣ…. касе чизе эълом накард, фақат мардум ба дари баромад давиданд…Чун бӯи сӯхти резинӣ ба машом мерасид…пай бурданд, ки ин сигнали омӯзишӣ нест", — гуфт шоҳид.

Зани дигаре нақл кард, ки кӯдакони зиёде бе волидон,танҳо буданд. "Ду бор занги эвакуатсия шунида шуд. Мо дар аввал бовар накардем, фикр кардем шояд партов дар гирифта бошад, вале дар воқеъ ин даҳшат буд. Мо аз даруни дуд мебаромадем", — нақл кард ӯ.

Яке аз бузургтарин сӯхтор дар 100 сол

Аз рӯи шумораи қурбониён сӯхтори Кемерово яке аз бузургтарин дар 100 сол аст. Дар баробари он сӯхтор дар меҳмонхонаи "Русия" дар Маскав (соли 1977, 42 қурбонӣ), дар хобгоҳи РУДН дар Маскав (соли 2003, 44 қурбонӣ), дар хонаи кӯҳансолон дар Краснодар (соли 2007, 63 қурбонӣ), дар клуби "Хромая лошад" дар Перм (соли 2009, 153 қурбонӣ) ва дар хонаи кӯдакони бемор дар вилояти Новгород (соли 2013, 37 қурбонӣ) аз бузургтаринҳо дониста мешаванд.

Кори мушкил

Бино ба додаҳои МЧС, авзоъи маркази савдо мушкил аст ва эҳтимоли фурӯ рафтани сохтмон ҳам вуҷуд дорад.

Огненное зарево над Боржоми: очевидцы сняли горящий лес на видео - Sputnik Тоҷикистон
Бузургтарин сӯхтор дар таърихи Гурҷистон: навор аз ҷои ҳодиса

"Дар ҳоли ҳозир корҳои сӯхторхомӯшкунӣ идома дорад ва деворҳои миёни ошёнаҳо нобуд шуда истодааст, дар ин росто эҳтимол аст, ки сохтмон ҳам чаппа шавад, — гуфт муовини раҳбари МЧС Владлен Аксенов.

Барои хомӯшкунии сӯхтор 663 наҷотдиҳанда ва 123 адад техника сафарбар шудааст.

Дарси ҳушёрӣ

Намояндаи расмии ВУХ Русия, Мария Захарова дар робита ба кушта шудани даҳҳо кас дар паи сӯхтор ба хонаводаҳои қурбониён изҳори таслият кардааст. Ӯ гуфтааст, ки ин қазия бояд ба барномаҳои ҳамаи омӯзгорон, наҷотдиҳандагон ва кулли сохторҳои наҷотдиҳӣ дохил карда шавад.

"Самимитарин суханҳои дастгирӣ дар чунин ҳолати вазнин. Ва боз, бояд ҳамаи онҳое, ки барои сӯхтор ва кӯдакон ҷавобгар буданд, ҷустуҷӯ шаванд. Дар баробари ин қазия бояд ба барномаи ҳамаи сохторҳо-омӯзгорон, наҷотдиҳандагон ва дигар сохторҳои дахлдор ворид карда шавад", — навиштааст Захарова дар Facebook.

Захарова қайд карда, ки ин "дарси ҳушёр будан аст ва ҳар чизе, ки баҳсбарангез бошад, бояд тафтиш шавад"

Лентаи хабарҳо
0