ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Вилояти Суғдро бо дарахтони Русия обод мекунанд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.
Ба гузориши манбаъ, имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободониву кабудизоркунии маҳалли зист идома дошта, ҷиҳати анҷоми корҳо аз ҷониби роҳбарияти вилоят низ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад.
Чанде пеш аз Краснодари Русия 400 бех дарахтони нодиру ороишие чун "ардач", "ардачи чинӣ", "кипарис" ва навъҳои "туяи янтарӣ", "туяи ғарбӣ" ва "туяи пирамидалӣ" ба вилоят овардаанд.
Гуфта мешавад, ки ниҳолҳои воридшуда барои ороиши гулгашту хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят истифода бурда мешавад.
"Чанде аз ин ниҳолҳо бо иштироки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар саҳни бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шинонида шуд", — омадааст дар хабарнома.
Бо қарори раиси вилояти Суғд аз 14 марти соли 2018, №89 аз санаи 1 марти соли 2018 барои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон "1300 рӯзи меҳнати зарбдор" эълон гардидааст.