ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Рӯзи 22 март сафоратхонаҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар шаҳри Давҳа чорабинии муштараки фарҳангиро ба муносибати Рӯзи байналмилалии Наврӯз ташкил кардаанд, хабар медиҳад равобити умумии ВУХ Тоҷикистон.
Дар чорабинӣ сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳо, доираҳои илмию фарҳангӣ ва васоити ахбори оммаи Қатар ширкат кардаанд.
Дар рафти чорабинӣ филм дар бораи таърих ва суннатҳои ҷашни Наврӯз зери унвони "Тоҷикистон меҳани Наврӯз аст" ва инчунин мавзеъҳои саёҳатӣ, таърихию фарҳангӣ ва осори ҳунарҳои миллии тоҷикон намоиш дода шудааст.
Наврӯз — ҷашни баробар шудани рӯзу шаб ва оғози соли нав дар миёни мардумони эронитабор аст ки онро бархе аз турктаборон, аз онҷумла дар Русия, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Хурд низ ҷашн мегиранд.
Моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро дар феҳрасти осори фарҳангии башар шомил карда ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 Маҷмаъи умумии СММ 21 мартро "Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз" эълом кард.