Навори сӯхтори мудҳиш дар Кемерово, ки ҷони 64 касро гирифт

Обуна шудан
Дар паи сӯхтор дар маркази савдо дар Кемерово 64 кас ҷон бохту 45 нафари дигар захмӣ шуд

Рӯзи якшанбе дар маркази савдои "Зимняя вишня" дар Кемерово сӯхтори бузурге рух дод.

Аз рӯи далели сӯхтор парвандаи ҷиноӣ аз рӯи чанд моддаи Кодекси ҷиноии Русия боз шудааст.

Коршиносон мегӯянд, ки сабаби сӯхтор сифати пасти маводҳои сохтмонӣ шудааст.

Аз рӯи шумораи қурбониён сӯхтори Кемерово яке аз бузургтарин дар 100 сол аст. Дар баробари он сӯхтор дар меҳмонхонаи "Русия" дар Маскав (соли 1977, 42 қурбонӣ), дар хобгоҳи РУДН дар Маскав (соли 2003, 44 қурбонӣ), дар хонаи кӯҳансолон дар Краснодар (соли 2007, 63 қурбонӣ), дар клуби "Хромая лошад" дар Перм (соли 2009, 153 қурбонӣ) ва дар хонаи кӯдакони бемор дар вилояти Новгород (соли 2013, 37 қурбонӣ) аз бузургтаринҳо дониста мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0