Меҳрона Ғайбуллоева дар саҳнаи Маскав базм орост

© SputnikМехрона Гайбуллоева на праздновании Навруза на ВДНХ
Мехрона Гайбуллоева на праздновании Навруза на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Меҳрона сокинони Маскавро бо ҷашни Наврӯз табрик гуфт ва барояшон суруди "Драмы больше нет" (Фоҷиа дигар нест)-ро иҷро кард

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Довталбаи озмуни байнулмилалии "Nу беҳтаринӣ", Меҳрона Ғайбуллоева дар консерти наврӯзии Маскав дар ВДНХ ҳунарнамоӣ кард.

Дирӯз дар хонаи 75 боғи ВДНХ ҷашни Наврӯз таҷлил шуд.

Дар саҳнаи бузурги Маскав овозхононе чун Ренат Ибрагимов, Василий Овсянников, Надежда Кригина, Давлатманд Холов, ғолиби озмуни мусиқавии "Голос" Данила Поужников, гурӯҳи "Уч-Кудук" ва ғайра ҳунарнамоӣ карданд.

Дар баробари онҳо дар саҳнаи бузурги Маскав Меҳрона Ғайбуллоеваи 17-сола ҳунарнамоӣ кард. Ӯ барои меҳмонон суруди Полина Гагарина "Драмы больше нет"-ро иҷро кард. Ҳамин суруд буд, ки Меҳрона ба даври навбатии озмуни "Ту беҳтаринӣ " роҳ ёфт.

Ба бевақтӣ  нигоҳ накарда, мардум бисёр буд. Садҳо кас бо тоқиҳо ва парчами давлаташон дар назди саҳна меистоданд, то ҳунарнамоии овозхонони тоҷикро бубинанд. Аксари меҳнонон гуфтанд, ки ҳунарнамоии Меҳронаро интизоранд.

"Тоҷикистон, ҷашн муборак!", — гуфт Меҳрона ба тамошобинон.

"Ин Меҳрона аст, ман ӯро тариқи телевизион дида будам! Фикр  намекардам, ки Меҳронаро дар ҷашни Наврӯз аз пеш инбинам", — гуфтанд ҷавонони тоҷик.

Участница Ты супер! от Таджикистана Мехрона Гайбуллоева - Sputnik Тоҷикистон
Духтаре, ки барои Раҳмон суруд хонд: саргузашти Меҳрона Ғайбуллоева

Ёдоварӣ мекунем, ки Меҳрона Ғайбуллоева ба даври дуюми озмуни сурудхонии "Ту беҳтаринӣ" роҳхат ёфт. Дар даври аввали ин озмун ҳамаи чаҳор доварони озмун аз овозхонии Меҳрона розӣ шуданд. Меҳрона баз уҳдаи иҷрои суруди Полина Гогорина ба осонӣ баромаду нотаҳои баланди "Драмы больше нет"-ро бе мушкилӣ сароид.

Ғайбуллоева 17 сола буда орзу дорад овозхони касбӣ шавад. Дар ҳоли ҳозир ӯ донишҷӯи колеҷҷи мусиқавии Душанбе мебошад.

Озмуни байналмилалии овозхонии "Ту беҳтаринӣ!" ба кӯдакони боистеъдоде, ки бе нигоҳубин ва бе волидайн мондаанд, имкон медиҳад, аз худ хабар диҳанд ва саҳнаҳои бузургро тасхир кунанд. Дар мавсими дувуми озмун кӯдакону наврасон аз Русия, Белорус, Молдова, Эстония, Латвия, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Осетияи Ҷанубӣ ва Олмон ширкат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0