ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Низоми бидуни раводид байни Узбакистону Тоҷикистон эътибор пайдо намуд. Аммо барои он, ки узбакон ба сарзамини кишвари ҳамсоя роҳат ворид шаванд, зарур аст, ки як қатор қоидаҳоро риоя намоянду, мамнӯъятҳоро нақз накунанд, иттилоъ медиҳад Sputnik Узбакистан.
Барои ба Тоҷикистон ворид шудан чӣ санадҳое лозиманд
Шаҳрвандони Узбакистон замони вуруд ба марзи Тоҷикистон метавонанд танҳо шиносномаҳояшонро бо худ гиранд. Онҳо ҳуқуқ доранд дар ҳудуди Тоҷикистон бидуни раводид то сӣ рӯз бимонанд. Агар мабодо ба онҳо муддати аз ин беш лозим шавад, пас ҳатман бояд раводид гиранд.
Лозим ба зикр аст, ки барои сафар ба минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон ва ба соҳили кӯли Сарез, гузарномаи махсус лозим аст.
Убури марз аз куҷо мумкин аст
Дар марз танҳо нӯҳ нуқтаи назорати марзӣ шабонарӯзӣ амал мекунанд: панҷ мошингард ("Фотеҳобод-Ойбек", "Патар-Андархон", "Саразм-Ҷартеппа", "Дустӣ-Сариосиё", "Айваҷ-Гулбаҳор") ва чор қаторгард ("Нов-Бекобод", "Истиқлол-Андархон", "Пахтаобод-Узун", "Ҳошадӣ-Амузанг").
Рӯзона танҳо ҳафт нуқтаи гузаргоҳ кор мекунад: "Равот-Рават", "Навбунёд-Поп", "Қуштегирмон-Платина", "Зафаробод-Хавастобод", "Ҳаштяк-Хавастобод", "Хаватоғ-Учтурғон" ва "Ӯротеппа-Кушкент". Агар шумо хоҳед, ки марзро тавассути ин гузаргоҳҳо убур кунед, бояд вақти истодан дар навбатҳо ва замони тахминии расидан ба марзро дар назар дошта бошед, зеро расидан дар наздикии шаб ба марз, хатари дар он ҷо монданро дорад.
Чӣ қадар пул бо худ гирифтан мумкин аст
Беҳтар аст, ки бо худ доллар гиред, зеро ба Тоҷикистон овардани асъори миллӣ (сомонӣ) аз хориҷи кишвар манъ аст. Барои бо худ доштани маблағи то панҷ ҳазор доллар эъломия навиштан лозим нест.
Чӣ чизҳоро ба Тоҷикистон вориду хориҷ кардан мумкин нест
Ба қаламрави Тоҷикистон ворид намудани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, тилло ва металлҳои қиматбаҳо, маводи мухаддир ва ҳамчунин маводи чопӣ ё маводи видеоие, ки ба меъёрҳои дини ислом мухолифанд, мумкин нест. Баъзан марзбонҳо метавонанд китобҳои ба забони арабӣ ё форсиро мусодира кунанд.
Агар шумо дорувориҳои қавитаъсир бурдан хоҳед, ҳатман дорухатҳояшонро бо худ гиред. Барои ворид сохтани санг ва металлҳои қиматбаҳо ҳангоми гузаштан аз марз, варақаи эъломия бояд пур кунед.
Аз қаламрави Тоҷикистон баровардани асъори миллӣ мумкин нест.
Тоҷикон чӣ гуна метавонанд ба Узбакистон раванд
Ҳангоми гузаштан аз марзи Узбакистон, шаҳрвандони Тоҷикистон бояд қоидаҳои оддии убурро донанду риоя кунанд, яъне: асноди заруриро фаромӯш накунанд, вақти кории нуқтаи назорати марзиро дақиқ намоянд (на ҳамаи онҳо шабонарӯзӣ кор мекунанд) ва асъори хориҷиро аз он миқдоре, ки қонунгузории Узбакистон иҷозат додааст, зиёд нагиранд.
Инчунин, ҳангоми ба хона баргаштан, тоҷикистониён бояд дар хотир дошта бошанд, ки на он ҳама чизеро, ки дар Узбакистон харида мешаванд, аз ҳудуди он берун кардан мумкин аст: дар гумруки Узбакистон аз будани баъзе чизҳо на он қадар хурсанд мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки нигаҳбонони тартибот ба шумо иҷозати баргашт ба Тоҷикистонро намедиҳанд, агар шумо тасмим гирифта бошед, ки аз Узбакистон ғалла ва ё маҳсулоти нонпазӣ бароред, вале дар айни ҳол, агар шумо бо худ қандкулча ё пичинҳои истеҳсоли Узбакистонро дошта бошед, ба шумо касе кордор намешавад.
Боз як шарте, ки тибқи он ба Тоҷикистон бозгашт имконнопазир аст, — ин баровардани дороиҳои фарҳангӣ мебошад, ки синнашон аз 50 сол зиёд бошад. Дар байни онҳо агар ашёҳое бошанд, ки ба ҳаёти одамон марбут, санг ва оҳанҳои қиматбаҳо, намудҳои гуногуни аслиҳа, расм ва нақшҳо, дастнависҳои гуногун ва ҳамчунин маводи аксӣ ва тасвирӣ, бошанд.
Сеюм, кӯшиш накунед, ки бо худ ба Тоҷикистон ҳайвонот, парранда, гӯшт ва маводи ғизоӣ баред. Дар Узбакистон барои ин ҷазои маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин шумо наметавонед ҳайвонҳои нодир ва растаниҳоеро, ки ба Китоби сурх шомиланд, аз қаламрави кишвар хориҷ созед.
Илова бар ин, шуморо барои кӯшиши ворид кардани кирмаки абрешим, ки барои боз кардани пиллаҳо истифода мешавад, метавонанд ҷазо диҳанд. Ҳамчунин кӯшиши аз Узбакистон баровардани спирти этилиро аз сари худ дур андозед.
Ёдовар мешавем, ки Созишномаи байни Тоҷикистону Узбакистон оид ба бекор кардани раводид аз ҷониби раисиҷумҳурҳои ҳарду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев баъди баргузории мулоқоту музокирот дар сатҳи олӣ аз 9 марти соли 2009 ба имзо расид. Акнун шаҳрвандони ду мамлакати ҳамсоя метавонанд дар ҳудуди то 30 рӯз бе ягон санади иҷозатномавӣ ба қаламрави якдигар равуо намоянд.
Ашкҳои шодӣ: ё чӣ гуна тоҷикон ва узбакҳо ба кушодани нуқтаҳои назорати марзӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд
Тоҷикистон теъдоди кормандони худро дар ҳама нуқтаҳои назорати марзӣ бо Узбакистон зиёд кард. Ин тасмим дар робита ба мақсади фароҳам овардани шароитҳои ҳадди аксар барои шаҳрвандон гирифта шуд, то ин ки онҳоро бидуни навбатпоиҳои дуру дароз ва ба зудӣ аз марз гузаронанд.
Дар моҳи феврал Узбакистон барқарорсозии хатти роҳи оҳанро, ки ҷумҳуриро бо ҷануби Тоҷикистон мепайвандад, анҷом дод.
Кушодани ин хат ба воситаҳои нақлиёти мусофиркаш имкон медиҳад, ки фаъол гарданд ва ҳамчунин имкониятҳои нав барои содир кардани маҳсулоти ду кишварро ба бозорҳои Афғонистону Туркманистон, фароҳам меоварад.