ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Бинод Чаудҳарӣ ҷиҳати муаррифии китоби тарҷумаҳолии худ бо номи «Бозии калон: сарнавишти ибратангези нахустин миллиардери Непал» ин ҳафта аз кишварҳои Осиёи Марказӣ боздид кардааст.
Зимни сафар Бинод Чаудҳарӣ аз шаҳрҳои Бишкек, Остона, Алмаато, Тошканд ва Душанбе дидан намудааст.
Бинод Чаудҳарӣ зимни сафараш ба Тоҷикистон дар Кохи Малика бо муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Ширин Амонзода вохӯрдааст.
Ширин Амонзода меҳмони непалиро ба Наврӯз шодбош гуфта, зимни мулоқот ба масоили рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ дахл кардааст.
Бинод Чаудҳарӣ гуфтааст, ки ба бозори Осиёи Марказӣ аз ҷумла, Тоҷикистон дар соҳаҳои саноат ва рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст, зеро имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон хеле бузург аст.
Дар доираи сафари худ соҳибкори муваффақи Непал Бинод Чаудҳарӣ аз маконҳои тамошобоби шаҳри Душанбе, аз ҷумла Боғи Парчам, Наврўзгоҳ, Кохи Наврўз ва дараи хушманзараи Варзоб боздид намудааст.
Алҳол сармояи Бинод Чаудҳарӣ аз 1,5 миллиард доллари ИМА бештар аст. Бино ба маълумоти расонаҳо, ӯ айни замон ягона миллиардери Непал буда, соли 2013 маҷаллаи амрикоии "Forbes" исми ӯро ба рӯйхати сарватмандтарин одамони сайёра шомил намудааст.