Кӯмаки Бухоризода ба ду хонаводаи ниёзманди Хоруғ

© МВД РТПомощь малоимущим, архивное фото
Помощь малоимущим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо дастгирии сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб ба ду хонаводаи ниёзманди шаҳри Хоруғ кӯмаки озуқаворӣ расонида шуд

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои дохилии ҶТ, ҳамасола дар остонаи  ҳар иду ҷашнвораҳо ба оилаҳои ниёзманд бо мусоидати бевоситаи роҳбарияти ВКД дар ВМКБ кӯмаку дастгириҳо расонида мешавад.

Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар остонаи ҷашни Наврӯз бо дастгирии сардори РВКД дар ВМКБ Бухоризода Мансур Ғоиб ба ду хонаводаи ниёзманд кӯмак расонида шудааст.

Кӯмак аз маводҳои озуқаворӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ иборат буда ба оилаҳои камбизоат дар шаҳри Хоруғи ВМКБ ба шаҳрванд Имомодов Азиз, сокини маҳаллаи Дашти-Боло, кӯчаи Иматшо, хонаи №10 ва Сайидикова Ҷаҳонбегим сокини маҳаллаи Хоруғи боло, кӯчаи Қирғизистон, хонаи №8 расонида шудааст.

© МВД РТПомощь малоимущим, архивное фото
Помощь малоимущим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
1/2
Помощь малоимущим, архивное фото
© МВД РТПомощь малоимущим, архивное фото
Помощь малоимущим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
2/2
Помощь малоимущим, архивное фото
1/2
Помощь малоимущим, архивное фото
2/2
Помощь малоимущим, архивное фото

Ҷаҳонбегим Сайидикова ва Имомодов Азиз барои дастгирӣ ва ғамхории роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва РВКД дар ВМКБ миннатдории худро баён намудаанд.

Лентаи хабарҳо
0