Бунёди коргоҳи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар Исфара

Обуна шудан
Дар остонаи ҷашнии Наврӯз дар шаҳри Исфара дар заминаи ҶДММ "Субҳи Ватан" коргоҳи нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мавриди истифода қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Ин коргоҳро соҳибкори муваффақ Абдуманнон Эрматов бунёд кардааст, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилоят.

Иншооти тозабунёди истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкори муваффақ Абдуманнон Эрматов таъсис дода шуда, ба ин васила фаъолияти мавсимии корхона ба доимӣ табдил ёфтааст.

Дети играют в футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи се иншооти варзишӣ дар шаҳри Исфара

Тибқи иттилои сухангӯи шаҳрдори Исфара Иқбол Илёсзода номгӯйи маҳсулоти кишоварзии коркардшавандае, ки дар корхонаи мазкур ҷавобгӯй ба талаботи стандартии муосир коркарду банду баст ва ба Ҷумҳуриҳои Россия ва Қазоқистон содирот карда мешавад, аз 40 то ба 50 намуд ва шумораи умумии коргарон аз 60 то 80 нафар расид.

Манбаъ афзуда, ки  Абдуманнон Эрматов соле қабл сохтмони як иншооти ҳаётан муҳим — бинои иловагии таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 42, инчунин китобхона ва озмоишгоҳи тозабунёдро аз ҳисоби худ ба анҷом расонида, дар арафаи ҷашни байналмиллалии Наврӯз ба истифода дода буд.

Пештар хабар дода шуд, ки соҳибкоре дар деҳаи Долонаи Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт Хонаи саломатии замонавӣ бунёд кардааст.

Ин Хонаи саломатӣ бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Абюҷон Мӯсоев ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо маблағи 55 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0