Ҳикматов: Тоҷикистон ба ҳалли мушкилии ҳавои бо Русия шитоб намекунад

© © Пресс-служба министерства транспорта РоссииРуководитель пресс-службы Министерства транспорта России Тимур Хикматов
Руководитель пресс-службы Министерства транспорта России Тимур Хикматов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари дафтари матбуотии Вазорати нақлиёти Русия Темур Ҳикматов дар бораи далелҳои дарозтар шудани масири ҳаракатҳои ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон ба Русия гуфт

Дар ҷавоб ба  Русия Тоҷикистон ҳам масири ҳаракати хатсайрҳои ширкатҳои Русияро дарозтар карда буд.

Роҳбари дафтари матбуотии Вазорати нақлиёти Русия дар бораи далелҳои дарозтар шудани масири ҳаракатҳои ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистонро ба Русия тавзеҳ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин амали Русия бо далели пурҳаракат будани роҳҳои ҳавоии кишвар сурат гирифтааст.

"Ин чораҷӯӣ на танҳо нисбати ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон амалӣ шудааст. Агар дар бораи посухи Тоҷикистон  ба пешниҳоди мо дар бораи  гуфтушунидҳо гап занем, мо то ҳол розигии расмии онҳоро ба даст наовардаем. Дар ҳоле ки ҷониби кишвар дар расонаҳои маҳҳаллӣ эълом дошта буд, ки ба гуфтушунидҳо дар ин бора омода аст", —  мегӯяд Темур Ҳикматов ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи вай, ин чораҷӯии Русия ягон далели сиёсӣ надорад. Русия ҳоло ҳам умед бар он дорад, ки гуфтушунидҳо баргузор мешаванд ва ҷонибҳо ин масъалаи бавуҷудомадаро ҳал мекунанд.

Хикматов: в действиях России по отношению к Таджикистану политических мотивов нет

Пештар хабар дода шуд, ки қариб масири ҳамаи парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ба Тоҷикистон тағйир ёфтаанд. Ҳамин тавр роҳи ҳавоӣ ба Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Самара, Новосибиркс, Красноярск, Иркутск, Қазон ва Оренбург дарозтар шуданд.

Чораҳои ҷавобии ҳукумати Тоҷикистон пас аз тағйир додани масири парвози ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" аз ҷониби ҳукумати Русия, ки роҳи парвозро дарозтар мекард, қабул шудааст. Қариб масири ҳамаи парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тағйир ёфт. Ҳамин тавр роҳи ҳавоӣ ба Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Самара, Новосибиркс, Красноярск, Иркутск, Қазон ва Оренбург дарозтар шуданд.

Чанде пеш Тоҷикистон гуфта буд, барои гуфтушунид бо намояндагони ширкатҳои ҳавоии Русия баъди ҷашни Наврӯз омодагӣ мебинад.

Лентаи хабарҳо
0