Чаро модар ба сару рӯйи 4 фарзанди хурдсолаш оби ҷӯш рехт?

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон изҳор доштааст, ки ҳоло далели ба ин амал даст задани муттаҳам маълум нест

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. ВУД Тоҷикистон хабар медиҳад, ки як шаҳрванди кишвар ба иттиҳоми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии фарзандони худ дастгир шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни гузаронидани амалиёти бозҷӯӣ  23-юми марти соли ҷорӣ, аз ҷониби кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Муъминобод, шаҳрванди 36 солаи ҷамоати деҳоти Н.Назарови ноҳияи мазкурро ҳамчун гумонбар барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шуд.

Муттаҳам 23.03.2018 сол, тахминан соати 9:00 дақиқаи пагоҳирӯзӣ дар манзили истиқоматиаш ба сару рӯй ва бадани фарзандони ноболиғи худ: И.Ҷ-и 9-сола, Н.А-и 6-сола, Ш.Ҷ-и 5-сола ва Н.А-и 3-сола бо сабабҳои номаълум оби ҷӯшонидашударо рехтааст.

Манбаъ меафзояд, ҷабрдидагон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд. Айни ҳол 4 фарзанди муттаҳам дар беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод бистарӣ шудаанд. 

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон тавзеҳ намедиҳад, ки ба ин амали нангин модари фарзандон даст задааст ё падар. Вале як манбаи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, ин корро модари фарзандон кардааст.

Бо далели қазияи мазкур парванда оғоз гардида тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0