ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Чанде аз сокинони вилояти Суғд ба унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи дастаҷамъона навишта, ба кишвардор изҳори миннатдорӣ баён кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд гузориш медиҳад.
Дар номаи сокинон барои баромадҳои Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид миннатдор шудаанд.
"Мо, собиқадорони меҳнат маърӯзаю баромадҳои Шуморо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид тамошо карда, вуҷуди моро фараҳмандию ифтихор фаро гирифт, ки Шумо ба олитарин мақому манзалат расида, миллиардҳо сокинони оламро аз паси хеш ба сӯи об-рӯшноӣ мебаред",- омадааст дар нома.
Имрӯз мусаллам аст, ки сокинони ҷаҳон ба бузургтарин муаммои сайёра таъминот бо оби ошомиданӣ сар ба сар омадаанд ва садҳо ҳазор инсонҳои минтақаҳои гуногуни ҷаҳон аз нарасидани об фавтида, ба фалокати азими экологӣ дучор шудаанд, афзудаанд сокинон.
Ҳамчунин онҳо раисҷумҳури Тоҷикистонро бо Рӯзи умумиҷаҳонии об таҳният гуфтаанд.
"Муҳтарам Ҷаноби Олӣ! Мо низ дар қатори садҳо миллион одамони эҳсоскунандаи муҳаббату ғамхории Шумо аз чунин комёбии беназир ва ҷаҳонии Пешвои миллати тоҷик миннатпазирем ва ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии об Шуморо табрику муборакбод менамоем",- навиштаанд сипосгузорон.
Зери нома имзои дувоздаҳ сокини вилояти Суғд омадааст.
Рӯзи ҷаҳонии об бо қарори Маҷмаъи умумии Созмони милали муттаҳид аз соли 1992 ҳар сол 22 март баргузор мешавад.
Имсол дар ин рӯз намои беруни сохтмони Маҷмаъи умумии СММ дар Ню-Йоркро бо тасвире аз кӯли Сарез оро доданд, ки онро аккоси ҳунарии номдори тоҷик Акмал Усмонов падид овардааст.
Ин хабарро Акмал Усмонов дар сафҳаи фейсбукии худ мунташир кардааст.
Тасвире, ки намои сохтмони МУ СММ-ро оро медиҳад, "Аҳдаҳои хуфтаи Осиёи Марказӣ – кӯли Сарез. Мурғоб" ном дорад.
Намояндагони Созмони милали муттаҳид аз ман дархост карданд иҷоза диҳам ин асарамро барои ороиши мавзуъи "Табиат ва об" дар нишастҳои СММ ба кор баранд. Ман ин дархостро пазируфтам ва иҷоза додам он тасвирро дар интишороти Созмони милал низ ба кор баранд", — навиштааст ин ҳунарманд дар сафҳааш.
Пештар хабар дода шуд, ки Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии "Дар ҷустуҷӯи ҳамбастагӣ байни энергия ва об: Синергия байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми рушди устувор" суханронӣ кард.
Раисҷумҳур гуфтааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори пешбурди раванди ҳалли самараноки масъалаҳо дар соҳаи обу энергетика буда, ният дорад, ки бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор ҳамкории фаъолро ба роҳ монад.