Welcome to Tajikistan: чӣ гуна дар се дақиқа метавон дил ба Тоҷикистон бохт

Обуна шудан
Бойгарии табиати Тоҷикистон барои дӯстдорони истироҳати фаъол хеле мувофиқ аст

Ширкати гардишгарии  Amazing Travel дар Facebook навореро пахш кардааст, ки дар он дар муддати се дақиқа ҳамаи ҷанбаҳои беҳтарини гардишгарии Тоҷикистон намоиш дода мешавад.

Зебогиҳои Тоҷикистон дар ин навор касро тасхир мекунад: обҳои мусаффо, осмони софу беғубор, ҳавои тоза, роҳҳои касногузар ва кӯҳҳои сарбафалаккашида.

Ҳамаи ин зебогиҳо дар умқи Тоҷикистон ҷойгир шудааст ва барои дидани онҳо бояд кас дӯстдори сайёҳати фаъол бошад.

Лентаи хабарҳо
0