ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Рӯшанфикрони вилояти Суғд ҷашни Наврӯзро ҳамроҳи раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Самарқанд таҷлил кардаанд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.
"Шоми дӯстӣ"-ро, ки ба шарафи меҳмонони тоҷик дар тарабхонаи "Хонатлас"-и шаҳри Самарқанд баргузор гардидааст, муовини раиси вилояти Самарқанд оид ба туризм, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Мӯнис Восиев оғоз бахшида, меҳмонони тоҷикро аз номи Шавкат Мирзиёев табрик гуфтааст.
"Мардуми Самарқанд чун тамоми мардумони дигари кишвари Узбекистон ба ин воқеаи таърихӣ баҳои баланд дода, то ҳанӯз таҳти таъсири ин шодию нишот қарор доранд", — гуфтааст Мунис Восиев.
Аз номи намояндагони ҷониби Тоҷикистон ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба сухан баромада, паёми табрикии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва мардуми вилоятро бахшида ба Наврӯз ба кулли мардуми кишвари ба мо дӯст расонидааст.
"Наврӯзи имсола Наврӯзи таърихӣ ва созанда ба ҳисоб меравад, зеро бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев таҳкими равобит байни халқҳои мо аз нав барқарор гардид. Ин тадбир имконият медиҳад, ки муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо боз ҳам тақвият пазируфта, ба хотири таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни илму маърифат мо бо аҳли зиё ҳамкории судмандро ба роҳ монем", — гуфтааст ӯ.
Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони вилояти Суғд, шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод аз таърихи пайвандҳои маънавии байни ду халқ, аз ҷумла хизматҳои қофиласолори назми классикии тоҷик, устоди шоирони форсигӯй Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар рушди фарҳангу адабиёти форсии тоҷикӣ ва мақоми давлатӣ касб намудани забони тоҷикӣ дар Самарқанду Бухоро хизматҳои беназир анҷом додааст, сухан гуфтааст.
Шеърхонии шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва бахусус ҳунарнамоии аҳли фарҳангу ҳунари тоҷик Ҷӯрабек Муродов ва Насиба Узоқова на танҳо аҳли ҳунару санъати Самарқанд, балки меҳмонони хориҷиро низ тасхир намудааст.
Санаи 21 март тантанаҳои Наврӯзӣ бо ширкати раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Алишери Навоӣ ҷараён гирифтааст.
Ҳайати намояндагони вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо ҳайати олимони узбек нахуст ҳамчун рамзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи шоири бузурги тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ ва сардафтари адабиёти узбек Алишер Навоӣ гулдастаи тару тоза гузоштаанд.
Шавкат Мирзиёев зимни суханронии худ дар бораи хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муносибатҳои дуҷониба, ташаббусҳои чаҳонӣ, истиқболи бародарона ва гарми раисҷумҳури Тоҷикистон ва мардуми тоҷик бо меҳри зиёд сухан гуфтааст.
Намояндаи вилоят Ҷамшед Ҷӯразода паёми табрикии ҷониби Тоҷикистонро ба мардуми кишвари Узбакистон расонида, аз номи аҳли зиёи Тоҷикистон ба сарвари ҳар ду давлат барои сиёсати созанда, изҳори сипос намудааст.